Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии пластикӣ барои мусалмонони Қирғизистон "гуноҳ" шуд


Шӯрои уламои Идораи маънавии мусалмонҳои Қирғизистон 5 апрел дар робита ба тиҷорати шабакавӣ, ҷарроҳии пластикӣ ва ваксинзанӣ се фатво содир кард.

Дар сомонаи муфтиёти Қирғизистон омадааст, ки фатвои №5 мусалмонҳои Қирғизистонро аз машғул шудан ба тиҷорати шабакавӣ манъ мекунад: чунин фаъолият зидди меъёрҳои шариат аст.

Фатвои №6 ба мусалмонҳо иҷозат намедиҳад, ки тавассути ҷарроҳӣ тарҳи чеҳраашонро дигар созанд. "Шариат танҳо ҷарроҳиҳоеро иҷозат медиҳад, ки ба хотири ислоҳи нуқсҳои модарзодӣ бошанд. Аммо агар сабабҳои узрноке набошад ва танҳо ба хотири зебоӣ ҷарроҳӣ анҷом шавад, он гуна ҷарроҳӣ гуноҳ аст", - омадааст дар қарори Шӯрои уламои Қирғизистон.

Дар фатвои №8 гуфта шудааст, ки ваксинзанӣ бастагӣ дорад ба тасмими худи шаҳрвандон.

XS
SM
MD
LG