Театри опера ва балети Тоҷикистон барои бори аввал дар чиҳил соли ахир бо сафари ҳунарӣ озими Самарқанд мешавад. Масъулони ин театр тасмим гирифтаанд, ки дар тӯли панҷ рӯзи сафари ҳунарӣ барои бузургсолон ду ва барои наврасон як намоишнома нишон дода, ҳамчунин дар ин шаҳр "Шоми дӯсти"-и ҳунармандони ду кишварро баргузор кунанд. Гурӯҳи ҳунармандони ҳудуди 40-нафарии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи худро 14-уми октябр дар толори театри вилоятии мусиқиву драмавии ба номи Ҳомид Олимҷон баргузор мекунанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир