Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент хостори "тоза" кардани додгоҳҳо ва додситониҳо аз афроди "тасодуфӣ" шуд


Мулоқоти президент бо афроде, ки мақоми нав гирифтанд. 13 август, 2020.
Мулоқоти президент бо афроде, ки мақоми нав гирифтанд. 13 август, 2020.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба қонуншиканӣ ва ба коррупсия даст задани бархе аз кормандони додситонӣ ва додгоҳҳо ишора карда, аз раиси Додгоҳи олӣ ва Додситони кулл талаб кардааст, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ, ин ниҳодҳоро "аз афроди тасодуфӣ тоза" намоянд.

"Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед",-гуфтааст оқои Раҳмон рӯзи 13-уми август дар мулоқот бо афроде, ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм мақоми нав гирифтанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармонҳои президент раисони додгоҳҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминобод, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат афроди нав тайъин шуданд. Манбаъ мегӯяд, дар мувофиқа бо президент додситонҳои ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Шаҳритус, Спитамен, Тоҷикобод, шаҳри Исфара ва гарнизони ҳарбии Рашт низ таъйин гардиданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар хабарномаи рӯзи 13-уми август навишт, дар ҷараёни суҳбат бо додрасҳо ва додситонҳо раиси ҷумҳур ба мубориза ба зидди "амалҳои коррупсионӣ” таъкид кардааст.

Ҷойивазкунии кадрҳо дар низоми додгоҳӣ ва додситонии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки охири соли гузашта президент Раҳмон аз боздошту зиндонӣ шудани ​25 додраси додгоҳҳои кишвар бо "ҷиноятҳои коррупсионӣ" нигаронӣ карда буд. Айни чунин ҳарфҳо дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо додрасҳо дар моҳи ноябри соли 2019 низ садо дода буд.

XS
SM
MD
LG