Рӯзи 29-уми сентябр қарор аст нахустин музоҳираи интихоботии Доналд Трамп ва Ҷо Байден баргузор шавад. Нашрияи New York Times дар як таҳқиқот андозсупориҳои президент Доналд Трампро таҳқиқ кард ва ҳоло интизор меравад, ки дар ҷараёни баҳси 90-дақиқагии ду номзад ҳамин масъала авлавият хоҳад дошт. Нашрия гуфт, ки давоми 17 соли охир Трамп аз роҳи гузориш додани ин ки даромадашро аз даст додааст, ба давлат андози хеле кам пардохт кардааст ваё аслан андоз надодааст. Таҳқиқоти журналистӣ мегӯяд, ки барои кам кардани масъулиятҳои андозсупориаш Трамп даромадашро ночиз нишон додааст. Нашрия гуфт, ки солҳои 2016 ва 2017, ки тоза президент интихоб шуд, ба давлат ҳамчун андози федеролӣ танҳо дар ҳаҷми 750-долларӣ маблағ супурдааст ва дар давоми 15 соли аз ин пеш давоми 10 солаш аслан андози федеролӣ насупурдааст. Дар як видеои таблиғотии тими Байден, ки билофосила баъди нашри таҳқиқоти New York Times таҳия шуд, нишон дода шудааст, ки чӣ гуна амрикоиҳои қаторӣ соле ба маротиб бештар назар ба Трамп андоз месупоранд. Трамп дар Твиттери худ навишт, ки “миллионҳо доллар андоз супурдааст ва мисли ҳар як нафари дигар ба сабукиҳои молиётӣ ҳақ дорад”. Интизор меравад, ки музоҳираи интихоботии Трамп ва Байденро дар шаҳри Кливланди аёлати Оҳайо 100 миллион амрикоӣ тамошо бикунанд.