Бонки ҷаҳонӣ барои ваксинзанӣ ба муқобили COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт медиҳад. Ин созмони байналмилалии молӣ мегӯяд, аз ҳисоби ин маблағҳо пизишкон, муаллимон, афроди бознишаста ва дорои бемориҳои музмин бар зидди коронавирус эм карда мешаванд. Ваксина аз ҷониби бунёди атфоли СММ ё худ Юнисеф харидорӣ ва ба Тоҷикистон расонида мешавад. Таъминот бо ваксинаи COVID-19 дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалӣ мегардад. Шумораи дақиқи онҳое, ки дар чаҳорчӯби ин маблағгузории иловагӣ эм мегиранд, ба нархи ваксина вобаста хоҳад буд.