Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсумбии қоматбаланд Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.САДО/ВИДЕО


Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Гулсумбӣ Шарифова
Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Гулсумбӣ Шарифова

Варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарифова чанд рӯз пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканди Узбекистон меъёри олимпиро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иҷро кард.

Ҳамакнун дар мавриди тасдиқи натиҷаи нишондодаи ӯ (22.72 сония) аз ҷониби Созмони ҷаҳонии варзиши сабук ин давандаи 23-сола соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мешавад, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол доир мегардад.

Гулсумбӣ Шарифова рӯзи 26-уми май дар суҳбати вижаи видеоӣ бо Радиои Озодӣ нахуст дар бораи дастоварди худ дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов, ки рӯзҳои 14-15-уми май дар Тошканд баргузор шуд, нақл кард:

Суҳбати видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Гулсумбии қоматбаланд Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:57 0:00

Гулсумбӣ Шарифова: Ман дар ин мусобиқа дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр рақобат карда, ғолиб шудам ва ду медали тилло гирифтам. Аз он хушҳолам, ки дар масофаи 200 метр меъёри олимпиро ба ҷо овардам.​

Радиои Озодӣ: Оё шумо бовар доштед, ки ба чунин натиҷаи баланд ноил мешавед?

Гулсумбӣ Шарифова: Албатта иҷрои ҳар як мақсад бе боварӣ намешавад. Ман бисёр кӯшиш намудам ва меъёри муқарраршударо иҷро кардам, то ин ки дар Бозиҳои олимпӣ парчамбардори кишвари худ – Тоҷикистон - шавам.​

Радиои Озодӣ: Дар ин мусобиқа рақибони аслии шумо аз кадом кишварҳо буданд?

Гулсумбӣ Шарифова, варзишгари тоҷик
Гулсумбӣ Шарифова, варзишгари тоҷик

Гулсумбӣ Шарифова: Рақибонам аз Узбекистону Қазоқистон буданд. Ман бо дастгирӣ ва кӯмаки мураббиам тавонистам ҳарифонамро мағлуб карда, ба мақсади худ бирасам.​

Радиои Озодӣ: Мураббии шумо кист?

Гулсумбӣ Шарифова: Мураббии ман Рустам Абдуллоев мебошад. Маҳз бо маслиҳату талоши ӯ ман ба варзиши сабук рӯ овардам ва дар натиҷаи саъю кӯшиши зиёд муваффақ шудам.

Радиои Озодӣ: Чунонки маълум аст, шумо қаблан бо футбол машғул будед ва дар дастаи "Ласточка" ("Парасту")-и Душанбе, инчунин мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кардаед. Чаро ба варзиши сабук гузаштед?​

Гулсумбӣ Шарифова: Дар ноҳияе, ки ман таваллуд шудаам – Шаҳритус – ҳамроҳи писарон футболбозӣ мекардам, зеро ки он замон дастаи духтарона набуд. Ман ба футбол меҳри беандоза доштам. Мехостам дар дастаҳои бонувон бозӣ кунам. Маро мураббӣ Сулаймон Бобокалонов ба дастаи «Парасту»-и Душанбе даъват намуд. Инчунин дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кардам. Баъдан ман ба варзиши сабук рӯ овардам ва дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ноҳияи худ – Шаҳритусро намояндагӣ карда, ғолиб шудам.​

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:58 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Зимнан, аз ин ду намуди варзиш – футбол ва варзиши сабук – кадомашро бештар дӯст медоред?​

Гулсумбӣ Шарифова: Ман ҳарду намудро дӯст медорам. Баъди анҷоми фаъолияти варзишиам мақсад дорам, ки ба ҳайси мураббӣ ба кӯдакону наврасон бозии футболро ёд диҳам. Ва ё ба онҳо варзиши сабукро меомӯзонам. Аммо ҳоло намедонам, ки дар оянда кадомашро интихоб мекунам.​

Радиои Озодӣ: Дар воқеъ, дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон дар бозиҳои олимпӣ варзишгарони номдору пуртаҷриба, ки аслан аз кишварҳои африқоӣ ва амрикоӣ ҳастанд, ҳунарнамоӣ мекунанд. Оё шумо рақибонатонро мешиносед?

Гулсумбӣ Шарифова: Ман ҳам дар як ноҳияе ба дунё омадаам, ки иқлимаш хеле гарм аст, яъне ноҳияи Шаҳритус. Ман дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон иштирок кардаам ва бисёр рақибони худро мешиносам. Ман ҳатто бо варзишгаре, ки қаҳрамони ҷаҳон шуд, инчунин дигар давандаҳои маъруф рақобат кардаам. Умед дорам, ки ба натиҷаҳои баланд ноил мешавам.

Гулсумбӣ Шарифова
Гулсумбӣ Шарифова

Радиои Озодӣ: Рекорди олимпӣ дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 21.34 сония мебошад, ки он ба варзишгари ИМА Флоренс Гриффит – Ҷойнер марбут аст. Ӯ ин натиҷаро соли 1988 дар Олимпиадаи Сеул ба даст овардааст. Рекорди ҷаҳонӣ ҳам бо ҳамин натиҷа ба ин давандаи амрикоӣ мутааллиқ аст. Натиҷаи рекордии шумо бошад, 22.72 сония мебошад, яъне фарқият чандон бузург нест – 01.38 сония. Ҳамин тавр не?

Гулсумбӣ Шарифова: Бале. Ман ва мураббиам талош дорем, ки ин натиҷаро беҳтар кунем. Бинобар ин пайваста тамрин мекунам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ кишвари соҳибистиқлоли худро сазовор муаррифӣ намоям.​

Радиои Озодӣ: Барои тамрини шумо чӣ гуна шароит муҳайёст?

Гулсумбӣ Шарифова: Шароитҳо хуб аст. Бинобар ин ман ба чунин дастовардҳо мушарраф шудам.​

Радиои Озодӣ: Шумо дар куҷо машқ мекунед ва реҷаи тамринатон чӣ хел аст?

Гулсумбӣ Шарифова: Ман бо роҳбарии мураббиам дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе машқ мекунам. Дар як рӯз тамрини мо ду бор – субҳ ва бегоҳӣ – баргузор мешавад.​

Радиои Озодӣ: Варзишгароне, ки ба Бозиҳои олимпӣ омода мешаванд, стипендия ё моҳонаи олимпӣ мегиранд, ки онро Кумитаи байналмилалии олимпӣ ихтисос додааст. Оё шумо аз ин кӯмаки молӣ бархӯрдоред?

Гулсумбӣ Шарифова: Бале. Ман наздики се сол аст, ки стипендияи олимпӣ мегирам ва барои машқҳо масраф мекунам. Ман аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд, барои ғамхориҳояшон нисбати варзишгарон сипосгузорам. Шароитҳои хуб ба имкон медиҳад, ки ба Бозиҳои олимпӣ ҳамаҷониба омодагӣ бигирем.​

Радиои Озодӣ: Лутфан дар бораи худ мухтасар маълумот бидиҳед.

Гулсумбӣ Шарифова: 2-юми декабри соли 1997 ба дунё омадаам. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошам. Феълан дар ин донишкада ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунам. Орзу дорам, ки шогирдонам дар арсаи байналмилалӣ муваффақ шаванд.​

Радиои Озодӣ: Издивоҷ кардаед?

Гулсумбӣ Шарифова: На хайр. Ман мақсадҳои зиёд дорам ва бояд онҳоро амалӣ намоям, бинобар ин ҳанӯз муҷаррадам.​

Радиои Озодӣ: Ба шуғлҳои дӯстдоштаатон – футбол, варзиши сабук - назари волидайни шумо чӣ хел аст, зид нестанд?

Суҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Гулсумбӣ Шарифова
Суҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Гулсумбӣ Шарифова

Гулсумбӣ Шарифова: Падару модари ман дар аввал зид буданд. Ман дар хонаводаамон фарзанди калонӣ мебошам. Онҳо мехостанд, ки ман духтур шавам. Вале ман, ки ба варзиш меҳри беандоза доштам ва ҷиддӣ машқ мекардам, онҳо маро фаҳмиданд ва пеши роҳамро нагирифтанд. Ман бо дуои онҳо ба мусобиқаҳо меравам, муваффақ мешавам ва волидайнам аз ин хурсанд шуда, маро дастгирӣ мекунанд. Аз онҳо хеле розиам ва мувофиқи маслиҳаташон амал мекунам. Зимнан, падари ман варзишгаранд ва ба варзиш шуғл варзидани ман ҳам идомаи анъанаи оилавист.​

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз варзиш бо чӣ корҳо машғул мешавед?

Гулсумбӣ Шарифова: Рӯзҳои истироҳат бо дӯстонам ба тамошои бозии футбол меравем, дар боғҳои фароғатӣ, ки дар Душанбе зиёд аст, ба бозиҳои гуногун машғул мешавем. Ҳамчунин дар хона барои худ ғизо омода мекунам.

Радиои Озодӣ: Кадом навъи ғизоро бештар дӯст медоред?

Гулсумбӣ Шарифова: Оши палавро. Модарам дар пухтани ин навъи таоми миллӣ моҳиранд. Ман бошам, ғизоҳои тез тайёр мешудагиро, монанди картошкабирён, тухмбирён омода мекунам.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун варзишгари касбӣ ба занону духтарони тоҷик чӣ маслиҳат медиҳед?

Гулсумбӣ Шарифова: Ман на танҳо ба занону духтарон, балки ба тамоми мардуми тоҷик гуфтаниам, ки варзишро дӯст доранд, ба тарбияти бадан машғул шаванд. Духтароне, ки намуди варзиши дӯстдоштаи худро интихоб кардаанд, кӯшиш кунанд, ки дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.

XS
SM
MD
LG