Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи 15-уми июн дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F", дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд.
Голҳои тими мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ, Комрон Турсунов (дақиқаи 34), Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 53), Шериддин Бобоев (дақиқаи 78) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи 86) ба самар расонданд.
Баъди ин ғалаба имкон дорад, шогирдони Усмон Тошев ба марҳилаи сеюми интихобии "Ҷоми ҷаҳон-2022" роҳ пайдо кунанд. Аммо ин чиз дигар на аз онҳо, балки аз натиҷаи дастаҳои мунтахаби гуруҳҳои дигар вобаста аст, ки сабқатҳояшон шоми имрӯз ба анҷом мерасад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври баъдӣ, дар таъхири футболи кишвар бори аввал тими мунтахаби Тоҷикистон метавонад дар қатори 12 дастаи беҳтарини Осиё қарор гирад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи “F” бо дастаҳои Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар рақобат карда, дар ҳашт бозӣ 13 имтиёз ба даст овард. Тими миллии кишвар дастаи миллии Қирғизистонро ду дафъа шикаст дод, аз тими миллии Муғулистон чор хол ситонид, бо дастаи Мянмар як бохт ва як ғалаба ба даст овард. Дар ду бозӣ бо тими Ҷопон бохт.
Баъди баргузории бозиҳои охирин дар гуруҳи “F” Ҷопон бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал, Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар ҷойи дуввум, Қирғизистон бо 10 имтиёз дар ҷойи сеюм, Муғулистон ва Мянмар бо 6 имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои чорум ва панҷум қарор гирифтанд.
Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии "Қаҳрамонии ҷаҳон-2022" дар Осиё, аз ҳашт гуруҳ дастаҳои ҷойи аввал ва чор дастаи беҳтарини ҷойи дуввум ба марҳилаи севвуми интихобии "Қаҳрамони ҷаҳон" ва "Қаҳрамонии Осиё" роҳхат мегиранд.
Мухлисони футбол дар Тоҷикистон бозиҳои тимҳои мунтахаби Эрон, Ироқ, Узбекистон ва Урдунро бодиққат пайгирӣ мекунанд, чун дар сурати бохти ин дастаҳо, тими мунтахаби Тоҷикистон метавонад ба даври баъдӣ роҳ ёбад.
Номи 12 дастаи беҳтарани Осиё шоми имрӯз муайян мешавад.