Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд гуфт, ки ба хотири сулҳ омодааст, ҷангро бас кунад, аммо ба Толибон шарт гузошт


Аҳмад Масъуд дар байн. Акс аз бойгонӣ
Аҳмад Масъуд дар байн. Акс аз бойгонӣ

Ҷабҳаи муқовимат бо гуруҳи Толибон эълон кард, ки аз пешниҳоди уламои Афғонистон барои "қатъи фаврии ҷанг" дар вилояти Панҷшер, садкилометрии шимолу шарқи Кобул, истиқбол мекунад.

Гуруҳи Толибон, ки ба истиснои Панҷшер назорат ба минтақаҳои дигари Афғонистонро ба даст дорад, ҳанӯз вокуниш накардааст.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи якшанбе, 5-уми сентябр, дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук гуфт, умед дорад, "гурӯҳи Толибон ба ин хости уламои киром лаббайк гуфта, гомҳои амалӣ бардорад."

"Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳозир аст, ба хотири расидан ба сулҳи пойдор, дар сурате ки гурӯҳи Толибон ба ҳамлаҳо ва таҳаррукоти низомии худ дар Панҷшеру Андароб поён бидиҳад, ҷангро фавран мутаваққиф намуда, умедвор аст, бо уламо ва муслиҳин дар як гирдиҳамоии бузург ба гунаи ҳамаҷониба гуфтугӯҳоро идома бидиҳад", -- гуфта шудааст дар паёми Аҳмад Масъуд.

Ҷанг дар вилояти Панҷшер тақрибан як ҳафта боз идома дорад. Дар ин муддат ҳарду ҷониб аз ҳамлаҳо ва пешрафту талафот ба якдигар хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, гурӯҳи Толибон рӯзҳои охир хадамоти ширкатҳои мобилӣ ва интиқоли барқро ба вилоят қатъ кардааст.

Аҳмад Масъуд дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфт, "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз фарохони уламои киром барои рафъи таҳримҳои ҷоришуда бар Панҷшер пурра ҳимоят мекунад ва умедвор аст, гурӯҳи Толибон ин мутолибаи исломӣ ва башардӯстонаро ҷиддӣ гирифта, амалӣ намояд."

Вай дар идома афзудааст, мардуми Афғонистон бо аксарияти қотеъ мусулмонанд ва "биноан, ҳеч далели шаръӣ, инсонӣ ва ё мантиқӣ вуҷуд надорад, ки гурӯҳи Толибон болои Панҷшер, Андароб, Парвон, Каписо ва ё манотиқи дигар... таарруз намояд."

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба гуруҳи Толибон пешниҳод кардааст, ки ҳамлаҳои худро ба Панҷшер, Андароб, Парвон ва Каписо бас кунад ва нерӯҳояшро аз Панҷшеру Андароб берун барад. "Дар муқобил, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нерӯҳои худ ҳидоят хоҳад дод, то аз таҳаррукоти низомӣ худдорӣ намоянд", -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Ҷангҷӯёни Толибон баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳукуматашон аз тарафи нерӯҳои байналмилалӣ рӯзи 15-уми августи имсол Кобулро ишғол карданд. Ҳоло гурӯҳ тамоми бахшҳои Афғонистонро зери идораи худ дорад, вале Панҷшер таслим нашудааст.

Дар оғоз ду тараф барои ҳалли қазия гуфтугӯ доштанд. Ҷанг пас аз он сар шуд, ки як намояндаи "Толибон" гуфт, музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат натиҷа надод.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, рӯзи 2-юми сентябр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфта буд, далели бенатиҷа будани музокирот "пешниҳодҳои Толибон ба шахси Аҳмад Масъуд буд".

Ба қавли ӯ, ҷудо кардани курсӣ ва шарик шудан дар ҳукумати Толибон аз мавзуъҳое буд, ки Амирхон Муттақӣ, раиси Кумисюни иршод ва даъвати гурӯҳ, "дар тамоси телефонӣ бо Масъуд дар миён гузошт, аммо Аҳмад Масъуд бо радди ин хостҳо ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони Афғонистон таъкид кард".

Идомаи даргирӣ дар Панҷшер баъзе аз нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст. Генерали амрикоӣ Марк Милли дар пойгоҳи ҳавоии Рамштейн дар Олмон гуфт: "Арзёбии низомии ман ин аст, ки шароит эҳтимоли ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд овардааст. Намедонам, ки оё Толибон қудратро мустаҳкам карда, ҳукуматро ташкил карда метавонанд ё не."

Милли гуфт, агар онҳо ин корро карда натавонанд, "дар навбати худ дар се соли оянда ба "зинда" шудани "Ал-Қоида", тавсеаи ДОИШ ё гурӯҳҳои дигари террористӣ сабаб мегарданд".

Бо гузашти се ҳафта аз замони ишғоли Кобул, гуруҳи Толибон ҳукумати нави худро эълон накардааст.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, гуфтааст, кор дар мавриди ташкили ҳукумати "ҳамашумул" ҷараён дорад. Вай рӯзи шанбе дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" дар Кобул ба мардум итминон додааст, ки барои беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо талош хоҳанд кард, аммо нагуфтааст, ки ҳукумати нав дақиқан кай эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG