Сокинони деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ аз сохтумони хатти обгузар, ки боиси хароб шудани роҳҳо шудааст, эътироз доранд.
Роҳро барои он канданд, ки бояд ба ин деҳа хатти оби ошомиданӣ биоранд, вале сокинони деҳаи Дарнайчӣ мегӯянд, онҳо ба об эҳтиёҷ надоштанд.
Давлатбӣ Зайниддинова, сокини деҳаи Дарнайчӣ гуфт, тасмими овардани об ба деҳа бе машварати сокинон гирифта шудааст.
Сокинони деҳа аз он норизоянд, ки барои кашидани қубур роҳҳои деҳаро пурра хароб кардаанд. “Шукри Худо мо об дорем, раванд дар ягон минтақаи бе об ин корро кунанд. Мо ба оби онҳо ниёз надорем”,--гуфт Давлатбӣ, сокини деҳаи Дарнайчӣ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Сокинони деҳа аз мақомот талаб кардаанд, ки роҳҳои валангоршударо барқарор кунанд, вале ба арзашон посух нагирифтаанд. Онҳо ҳаракат дар ин роҳҳоро хатарнок медонанд.
Сурайё Исроилова, сокини деҳаи Дарнайчӣ гуфт, дар роҳҳои вайроншуда нақлиёт ва чорпоёни онҳо гузашта наметавонанд. “Мошин омад, навор дорам, ки дар лой ғутид ва баромада натавонист. Ягон мошину кран барои берун кардани он аз дохили лой розӣ нашуд”,--гуфт ӯ.
Дар деҳаи Дарнайчӣ ҳудуди 300 хонавода зиндагӣ мекунад. Баъзе аз роҳҳои он мумфарш ва бархеи дигар сангфарш шудааст. Ба гуфтаи сокинон, соли пеш бо сарфи 35 ҳазор сомонӣ роҳҳои вайронро сангфарш карда буданд.
Абдувалӣ Давлатов, маъюби гурӯҳи дуюм аст. Ӯ бо аробачаи маъюбиаш наметавонад дар роҳҳои деҳ гашту гузор кунад. Дар идораи ҷамоат ба ӯ ваъда додаанд, ки роҳҳо дубора мисли пеш барқарор хоҳанд шуд.
Хати об дар деҳаи Дарнайчӣ бар асоси кумаки грантӣ кашида мешавад.
Ҳошим Хоҷаев, раиси ҷамоати Худоёр Раҷабов гуфт, мушкили роҳҳо рӯзҳои наздик ҳал мешавад.
Дар бештари деҳаҳои Тоҷикистон сокинон аз дастрасӣ ба оби ошомидани мушкил доранд ва солҳо барои дастраси ба он талош мекунанд, вале сокинони Дарнайчӣ мегӯянд, ба он эҳтиёҷ надоранд.