Тазоҳурот дар Қазоқистон ба зидди болоравии қимати гази моеъ, ки баъдан ба хунрезӣ печид, ин ҳафта баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Фейсбук барангехт.
Тазоҳурот аввал бо талаби пойин овардани қимати гази моеъ оғоз ёфт ва баъдан шиорҳо сиёсӣ шуд. Мардуми зиёде дар бораи сабабҳои талотуму норозигӣ ва ҳам ҷалби неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қазоқистон назару андешаҳои худро навиштаанд ва дар ин барнома мебинем, ки корбарон чӣ мегӯянд.
Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки худро Куруши Кабир номида ва гуфтааст, сулҳу суботи пойдор дар ягон кишвар бо кумаки яроқу аслиҳа таъмин карда намешавад ва оқибат ҳам надорад.
Идомаи шарҳаш чунин аст: “Режимҳои зиёди мусаллаҳ ва муҷҷаҳаз буданд, вале ба сабаби нобаробарӣ, беадолатӣ, қонуншиканӣ аз байн рафтанд. Вазифаҳоро новобаста аз ҷойи таввалуд ва решаҳои маҳаллию хешутаборӣ, одилона ба нафарони лоиқ тақсим кунед. Дарди мардумро гӯш кунед, проблемаҳои муҳимро ҳал кунед, ягон табаддулот намешавад.“
Корбари дигаре бо номи Муҳоҷир низ айни чизро гуфта ва ришвахориву нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаро сабаби эътирозҳои мардумӣ номидааст. Ин корбар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро диктатор номида ва чунин шарҳеро дар вебсайти мо гузоштааст:
“Ҷанобон диктаторҳо, як каме дар фикри мардуми худ бошед. Аз фасоду пора ва хешутаборбозӣ даст кашед. Агар интихоботи озоду демократӣ баргузор кунед, бовар кунед, ба ҳеч қувваи хориҷӣ ва инқилобҳои ранга зарурат пайдо намешавад.”
Бисёре аз шарҳу назарҳои дигар низ дар бораи сабабҳои тазоҳурот дар Қазоқистон низ бо ҳамин мазмун ҳастанд ва корбарон мегӯянд, бепарвоӣ нисбат ба мушкилоти мардум иллати асосии тазоҳуроте буд, ки рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон сар шуд ва сипас ба нооромӣ печид. Шарҳи корбареро меорем, ки худро Мир Исо номидааст:
“Чашмашонро боз кунанду дунёро бинанд. Онҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагиашонро бо пора пеш мебаранд, бояд донанд, ки яроқи ядроӣ ҳам ба қувваи халқ баробар шуда наметавонад. Халқро ба ин дараҷа наоранд, адлро пешаи кори худ гардонанд.”
Гуруҳи дигаре дар Фейсбук ва вебсайти Радиои Озодӣ навиштаанд, ки баҳонаҳо барои норозигии мардум ва тазоҳурот вуҷуд дорад ва яке аз онҳо бекории зиёд аст, ки ҷавононро ба танг овардааст. Рустам Ҷумъаев ном корбаре дар Фейсбук чунин навиштааст:
“Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест, ба ғайр аз таксиронӣ. Охир фақат мошиндор кор мекунад, бе мошин чӣ? Дар бозорҳои Тоҷикистон як бор ягон кас рафта назорат намекунад. Доди мардум ба фалак. Ба кӣ арз кунанд, ман аз президенти мамлакат хоҳонам, ки ҷилави ҳаминро бигирад.”
Ба қавли як корбари дигар, тамоми мардуми Осиёи Марказӣ мушкилоти ҳамсон доранд ва он ноқаноатмандӣ аз шеваи мудирияту ҳукуматдорӣ дар кишварҳои минтақа аст. Шарҳи ин корбар бо номи Сиёсатмадор чунин аст:
“Дар ҳақиқат мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамаашон як дард доранд, ҳама аз нобаробарии иҷтимоӣ, аз беадолатӣ ва зиёдтар аз ҳама аз ришвахорӣ меноланду мегӯянд, ки ҷонашонро ба лабашон овардааст. Наход ҳаминро раҳбарони Тоҷикистон нафаҳманд, ки ҳама мисли онҳо одам аст, сабру тоқаташон ҳад дорад ва метавонанд, як рӯз ба зидди онҳо бишӯранд. Кӣ фикр мекард, ки Қазоқистон чунин мешавад. Шумо ҳам амиқтар фикр кунед, ҷанобон дар Душанбе.”
Шумо чӣ мегӯед? Назаратон дар бораи ҳодисаҳои Қазоқистон дар поварақи ҳамин матлаб нависед, то дигарон ҳам бидонанд.