Мақомоти интизомии Душанбе гуфтанд, сабабҳои як садамаи нақлиётӣ дар маркази пойтахро таҳқиқ мекунанд, ки дар натиҷаи он 7 мошини сабукрав ва автобуси мусофирбар осеб диданд.
Дар баёнияи расмие, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст, нисфирӯзии 2-уми апрел Назар Назаров, ронандаи автобуси мусофирбари хатсайри 33 бо сабабҳои номаълум аз “уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада” ба мошинҳои канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа 7 мошини сабукрав ва автобус зарар диданд.
Онгуна ки дар дида мешавад, тамоми мошинҳо таксиҳое ҳастанд, ки дар канори роҳ истодаанд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст ва Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтааст, санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад ва “сабабу омилҳои он муайян карда мешавад.”
Дар Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ зиёд рух медиҳанд ва солона садҳо нафар дар ин садамаҳо куштаву маҷруҳ мешаванд.