Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кӯдакон бо хӯроки солиму ройгон беш аз панҷ миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, рӯзҳои наздик барномаи санҷиширо ба роҳ мемонанд.
Дастрасии хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳо бо ғизои гарм аз соли 1999 шуруъ шудааст. То ин замон Созмони Ҷаҳонии Ғизо ба мактабҳои Тоҷикистон хӯрок медод ва он аз равғану орд ва донагиҳо иборат буд.
Солҳои ахир қисме аз ин мавод аз тарафи Русия пешниҳод шудааст. Тавассути ин барнома ва мадади ниҳодҳои дигар дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 ҳазор кӯдак дар ду ҳазор мактаб дар рустоҳо бо хӯроки гарм таъмин шудаанд.
Талоши ҳукумат барои таъмини кӯдакон бо ғизои солим дар ҳолест, ки як таҳқиқи саросарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта нишон додааст, ки ба сабаби истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин дар кишвар садҳо ҳазор кӯдак қади кӯтоҳ доранду ҷисмашон дуруст инкишоф наёфтааст.
Бадриддин Музаффарзода, сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт, дар навбати аввал ин барнома 24 мактабро ба истиснои шаҳри Душанбе фаро мегирад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, барномаи санҷишии хӯроки мактабӣ бештар дар митақаҳое, ки сатҳи зиндагияшон паст аст, равона мешавад.
Намояндаи Вазорати маориф ва илм гуфт, ҳамчунин дар ҳоли ҳозир дар мактабҳо ассосиатсияи волидону омӯзгор ҳаст, ки ихтиёран барои бо хӯроки гарм таъмин намудани фарзандонашон мадад мерасонанд.
Қарор аст, то соли 2027 дар тамоми мактабҳои кишвар таъмини кӯдакон бо ғизои солиму ғанӣ ва бепул роҳандозӣ шавад.
Писари хурдии Гулчеҳра Каримова дар синфи сеюми яке аз мактабҳои ноҳияи Ховалинг таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, дар мактаб барои писараш як “пирожки” ва гоҳе нахудшӯрбо медиҳанд.
"Ҳарчанд миқдори хӯрок хеле кам аст, вале метавонад, писарамро аз хӯрдани “Ролтон” боз дорад. Агар ин танҳо аз ҳисоби кумакҳо не, балки аз ҳисоби ҳукумат бештар шавад, кори хуб мешавад," – афзуд ӯ.
Аммо онҳое ҳам ки аз ҷавобгӯ набудани ошхонаҳо ва бо таъхир пешниҳод шудани ғизо дар мактабҳои дурдасти кишвар нигаронӣ мекунанд, кам нестанд.