Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро бинед, метарсед." Нақли ду захмии таркиш дар Қубодиён. ВИДЕО


Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Чанд захмии таркишро дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории Қубодиён аз бемористони Душанбе ба хонаашон ҷавоб додаанд. Модари яке аз онҳо гуфт, пизишкон хостаанд, муолиҷаро дар хона идома бидиҳанд, ҳарчанд мушкил аст. Табибон гуфтанд, ин кор муваққатист ва бо хоҳиши оилаҳо шуд.

Таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё Нефт"-и Қубодиён рӯзи 21-уми феврали имсол рӯй дод. Бар асари он як нафар ҷон бохта, 13 кас маҷруҳ шуданд.

"Фақат гиря мекард"

Раҷаббой Маллаеви 22-сола яке аз онҳост. Ӯ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор мекард. Пизишкон гуфтаанд, 85 дарсади баданаш сӯхтааст.

Раҷаббой Маллаев. Акс аз бойгонии хонавода. Модараш акси захмҳои баданашро низ фиристод, вале ба далели ахлоқӣ нашр намешавад
Раҷаббой Маллаев. Акс аз бойгонии хонавода. Модараш акси захмҳои баданашро низ фиристод, вале ба далели ахлоқӣ нашр намешавад

Модараш Бибинисо Маллаева мегӯяд, "намеҷунбад, як каме сарашро мебардорад, тамом. Рӯзҳои охир дар беморхона фақат гиря мекард. Табибон машварат доданд, ки шояд хумори хона гирифтаасту як бор баред. Табобатро дар хона идома диҳед. Нигоҳубину табабобати саривақтӣ дар хона хеле сахт аст."

Дар Маркази тиббии рақами 3-и Душанбе гуфтанд, ҷабрдидаҳои сӯхтори “Ориё Нефт”-и Қубодиёнро муваққатан ҷавоб додаанд. Ба қавли пизишк, Шоҳрух Ибодуллозода, “бемор Раҷаббой Маллаевро, ки дар рӯзҳои аввал вазъи саломатияш хеле вазнин буд, бо хоҳиши наздикон аз беморхона ҷавоб додем. Барои як муддат аст, худашон хостанд.”

"Рӯям, дастонам, миёнам ва чашмонам сӯхтааст"

Парвина Зокироваи 30-сола, ҷабрдидаи дигари таркиш, низ ҳоло дар манзилаш дар Қубодиён табобат мегирад. Мегӯяд, қисми зиёди баданаш сӯхтааст.

"Агар маро бинед, метарсед. Бовар накунед, ба Қубодиён биоед. Ҳамаи ҷоям сӯхтааст. Рӯям, дастонам, миёнам ва чашмонам. Дар беморхонаи Душанбе гуфтанд, 75 дарсад сӯхтааст. Панҷ бор ҷарроҳӣ карданд, дигар ҳаракатам намонд. Табибон гуфтанд, дар хона каме дам гир," – нақл кард ӯ.

Ончӣ хонаводаи Парвина Зокирова ва Раҷаббой Маллаевро нигарон кардааст, бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти онҳо будааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаашон, аз фаъолият монданд ва барои табобат ба ёрии зиёде эҳтиёҷ доранд.

“Соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мадад мекунад. Ваъда дода буд, ки рӯятро "ҷарроҳии пластикӣ" карда медиҳем, лекин намедонам, то куҷо иҷро мекунад. Мехоҳам, ҳукумат низ мадад кунад, зеро падару модарам дар ҷое кор намкунанд," – гуфт Парвина Зокирова.

Навор аз бойгонӣ:

Таркиш ва сӯхтор дар як НФС-и Қубодиён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Кӣ бояд мадад кунад?

Модари Раҷаббой Маллаев мегӯяд, масъулони ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба табобати фарзандаш таваҷҷуҳ накардаанд. Дар бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Қубодиён гуфтанд, аз аҳволи Маллаев хабар доранд, вале барои расондани ёрӣ расман муроҷиате нагирифтанд.

Бибинисо Маллаева рӯзи 27-уми июн аз бетаваҷҷуҳии молики нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ барои муолиҷаи писараш низ шикоят кард. Ӯ гуфта буд: "Дар байни 10-12 рӯз аз якуним то се ҳазор сомонӣ оварда медод, лекин харҷи мо барои табобат хеле зиёд шуд, дар беморхона дар як рӯз танҳо доруву дармонаш 1700 сомонӣ мешавад. Аз доруфурӯш 16 ҳазор сомонӣ қарздор шудам."

Пас аз он бо Зиёратшоҳ Маҳмадов, молики нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё Нефт", тамос гирифтем. Ӯ иддаои модари ҷавонро беасос хонда, вале ҳамзамон хост, мавзуъ расонаӣ нашавад ва ӯ ба зудӣ барои табобати Раҷаббой мадад мекунад.

Рӯзи 28-уми июн модари ҷавон дигарбора ба Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, “мушкил бо молики нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳал шуд”.

Ҳуқуқдон: Додгоҳ ҳал мекунад

Ҳуқуқдон Далер Қурбонов мегӯяд, вақте сокинон аз ёрипулӣ ё шеваи пардохти он норозиянд, барои рӯёнидани он бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

"Яъне, додгоҳ ҷуброни зарари расидаро муайян мекунад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳад ва тарафи дигарро вазифадор мекунад, ки зарарро бипардозад. Ҷабрдидаҳо ҳуқуқ доранд, ҳаққи худро ҳам аз давлат ва ҳам аз ширкат ё нуқтаи сӯзишворӣ ба воситаи додгоҳ талаб кунанд," -- шарҳ дод ӯ.

Коре, ки мусоҳибони мо дар Қубодиён анҷом надодаанд.

Бахтиёр Шарифзода, мудири бахши иҷтимоии Қубодиён, ҳам гуфт, муроҷиати ягон ҷабрдидаи сӯхторро дастрас накардааст. "Касе муроҷиат накардааст, вагарна бенасиб намегузорем. Бе муроҷиат кумак намекунем. Касе дар руйхати ёриҳои иҷтимоӣ буд, маълумотнома барои формаи 600, ки табобати ройгон аст, пешниҳод кардем." Шарифзода дақиқ нагуфт, ки кадоме аз 13 захмии таркиш кумак ё имтиёҳзои давлатӣ гирифтаанд.

Ҳар дафъа мегӯянд, вале...

Дар Тоҷикистон аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин сохтаанд. Дар натиҷаи сӯхтор ё таркиши ин гуна маконҳо хонаҳо зарар дида, чанд нафар осеб дидаанд.

Яке аз чунин ҳодисаҳо соли гузашта дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Синои пойтахт сар зад. Дар ин ҳодиса камаш 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон захмӣ шуданд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG