Вазири корҳои дохилӣ гуфт, таҳқиқи қазияи ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе зери назорати ӯ қарор дорад.
Ду моҳ пеш шахсони номаълум ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, телефон ва камераи онҳоро гирифтанд. Мақомот то ҳол ҳамлаваронро боздошт накардаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷаласаҳо барои таҳқиқи қазия ба сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе супориш додааст. "Зери назорати ман аст," -- гуфт Раҳимзода.
Вазир дар посух ба суоли онки чаро то ҳол ҳамлаварон ба хабарнигорон ошкор нашудаанд, посухи мушаххас надод. Танҳо гуфт, "ҷиноятҳое аст, ки ошкор намешавад."
Як моҳ пеш Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 дар пайванд ба ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ба иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ҷабрдида эътироф кард. Маълум нест, чаро то ҳол шахсони ҳамлавар ошкор нашудаанд.
Ҳамла ба хабарнигорон рӯзи 17-уми майи имсол ва баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева сурат гирифт.
Шоми 28-уми майи имсол як марди ношинос дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт ба хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, гуфтааст, дастгоҳҳои сабту телефон бо ӯст ва агар аризаро пас бигиранд, онро бармегардонад. Вай ҳамзамон таҳдид кардааст, ки агар ариза гирифта нашавад, хабарнигор бояд дар бораи саломатии аъзои хонаводааш фикр кунад. Мақомоти интизомӣ рӯзи 7-уми июн ба таҳқиқи парванда сар карданд.
Ҳамла ба хабарнигорон вокуниши зиёде ба бор овард. Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время"-ро дар Душанбе одилона таҳқиқ кунанд.