Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завқибек Саидаминӣ хостааст, ҳукмашро бекор кунанд


Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ

Рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов Завқибек), ки ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст, дар номае аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунад.

Вай таҳқиқи парванда ва мурофиашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт "якҷониба ва нопурра" номидааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи октябри имсол хабарнигори 38-соларо ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор кард.

Худаш гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳарду созмон низ ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.

Номаи Завқибек Саидаминӣ 16-уми ноябр дастӣ навишта шудааст. Радиои Озодӣ нусхаи онро 24-уми ноябр гирифт.

Дар нома аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хоста шудааст, "бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ; омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад."

Дар гузашта номи Завқибек Саидаминӣ дар пайи баҳсҳояш бо пайравони гуруҳҳои тундрав расонаӣ шуда буд. Ӯ бо аъзои ДОИШ дар бораи даргирӣ дар Ховари Миёна ва истифода аз занону кӯдакон дар ин низоъҳо дар Интернет баҳс мекард. Мегӯяд, чанд дафъа таҳдид ҳам гирифтааст.

Хабарнигори зиндонӣ дар идома афзудааст, тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд ва додрас далелҳои пешниҳодияшро ба инобат нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт. Ба ин сабаб, талаб кардааст, ки ҳукмро дигар кунанд.

Завқибек Саидаминӣ моҳи июли имсол дастгир ва моҳи октябр ба зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ вокунишҳои байнулмилалиро ба бор овард. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҳукмашро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон донист ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон озодияшро хост.

Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним сол ҳафт хабарнигору блогери тоҷик дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо аз 7 то 10 сол зиндонӣ шудаанд. Муҳокимаи дигарон идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG