Наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик, ки аз ҷониби як ниҳоди ҳукуматӣ ба Қазоқистон фиристода шуда буданд, мавриди фиреби корфармо қарор гирифтаанд.
Ин муҳоҷирон, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд ва дар ҷустуҷӯи кор буданд, пас аз моҳҳо кор дар Қазоқистон аз ин кишвар низ ихроҷ шуданд.