Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон занонро аз ҳаққи кор дар созмонҳо маҳрум карданд


Толибон ҳафтае пеш таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои олиро низ манъ карданд.
Толибон ҳафтае пеш таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои олиро низ манъ карданд.

Ба думболи манъи кори занон дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Афғонистон намояндагони ин гуна созмонҳо ва мақомоти баландпояи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе ояндаи кори ин созмонҳоро баррасӣ карданд.

Толибон рӯзе пештар амр доданд, ки занони афғон дигар ҳақ надоранд, дар созмонҳои дохилӣ ва хориҷии ғайридавлатӣ кор кунанд. Як ҳафта пештар аз ин Толибони ифротгаро таҳсили духтарон дар донишгоҳҳоро низ манъ карданд ва хашму эътирози занон дар дохил ва хориҷи Афғонистонро барангехтанд.

Вазорати иқтисоди Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ки созмонҳое, ки занонро ба кор роҳ медиҳанд, аз муҷавизи кор маҳрум мешаванд. Вазорат гуфтааст, сабаби манъи кори занон дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ шикоятҳо аз риоят нашудани меъёрҳои либоси исломӣ ва ё нодуруст пӯшидани ҳиҷоб будааст.

XS
SM
MD
LG