Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармои қаҳратуну тоқатфарсо баъди 15 сол ба Тоҷикистон бармегардад.ВИДЕО


барф

Ҳавошиносони тоҷик ҳушдор додаанд, дар 5 рӯзи оянда сармои қаҳратуне дар кишвар ҳукмфармо хоҳад шуд, ки дар 15 соли гузашта дида нашудааст.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ бо нашри як огаҳӣ дар вебсайти расмиаш гуфт, ки аз рӯзи 14-ум то рӯзи 18-уми январ ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳои куҳӣ то 27 дараҷа сард мешавад. Дар ин огаҳӣ омадааст, ҳарорат дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 22 ва рӯзона то 17 дараҷа сард мешавад. Ҳарорат дар шарқи Вилояти Бадахшон, яке аз гӯшаҳои сардтарини Тоҷикистон то 47 дараҷаи зери сифр хоҳад рафт.

Ҷамила Байдуллоева, муовини мудири Идораи ҳавошиносӣ ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки ин гуна ҳавои сард дар кишвар моҳи январи соли 2008 мушоҳида шуда буд, вале он сол ҳарорати ҳаво то 25 дараҷаи зери сифр буд. Дар он сол, ба сабаби аз кор мондани зербунёдҳо ва норасоии неруи барқ дар шифохонаҳои Тоҷикистон чанд кӯдак ҷон доданд ва иқтисоди кишвар бештар аз 200 миллион доллар зиён дид ва ҳукумат маҷбур шуд барои кӯмак ба ҷомеаи байналмилал муроҷиат кунад.

Барфи зиёд роҳҳои кӯҳии Тоҷикистонро касногузар кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Айни замон ҳам аз шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои кишвар аз қатъи неруи барқ, мушкилот дар хадамот, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо гузориш мерасад. Идораи ҳавошиносӣ мегӯяд, мумкин аст, дар рузҳои оянда дар навоҳии куҳистон ва аз ҷумла, дар роҳҳо тарма ва ё баҳман фарояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, рӯзи 12-уми январ 9 мавриди баҳманро сабт кардааст, вале касе осеб надидааст. Айни замон аз сокинони кишвар хоста шудааст, ки бе зарурат аз тариқи роҳҳои куҳӣ ҳаракат накунанд ва ҷони хешро дар хатар нагузоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG