Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Медведев ба ҷаҳон дар бораи боздошти Путин


Дмитрий Медведев ва Владимир Путин
Дмитрий Медведев ва Владимир Путин

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, гуфт, бо ҳар кишваре, ки ҷуръат кунад Владимир Путинро боздошт кунад, меҷанганд.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ҳафтаи гузашта амр дод, ки президенти Русия Владимир Путинро боздошт кунанд. Сабабро ба рӯйдодҳои Украина пайванд дод.

Дмитрий Медведев, президенти пешин ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, яке аз мақомҳои баландпояи ин кишвар аст, ки ба дастури боздошти Путин вокуниш кард.

Медведев дар мусоҳибае гуфт, “бо ҳар кишваре меҷангем, ки ҷуръат карда, дар асоси Қарори Додгоҳи Гаага Владимир Путинро боздошт карданӣ мешаванд.”

Медведев ваъда дод, ки агар Путинро дар Олмон боздошт кунанд, “ҷаҳонро метарконем.” Албатта, маълум нест, ки дар ин ҳолат фармони “таркондани ҷаҳон”-ро кӣ содир мекунад?

Пештар аз ин вазири адлияи Олмон гуфт, агар Путин ба Олмон ояд, бояд боздошт ва ба Додгоҳи Гаага интиқол дода шавад.

123 кишвар Статут ё Асосномаи Рими Додгоҳи Байнулмилалиро имзо кардаанд ва дар сурати ворид шудани Владимир Путин ба кишварашон бояд ӯро дастгир кунанд. Кишварҳои бузурге ба мисли Чин, Ҳинд, Туркия ва Амрико дар кори ин додгоҳ ширкат намекунанд.

XS
SM
MD
LG