Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат биноҳои пешини Пирзодаро дар Данғара ба фурӯш гузошт


Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ин биноҳоро ба фурӯш гузошт
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ин биноҳоро ба фурӯш гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ҳафт бинои 9-ошёнаи сохтмонаш нотамомро дар ноҳияи Данғара ба музояда гузошт.

Бар асоси эълони расмӣ, музояда рӯзи 8-уми майи имсол дар назар буда, нархи ибтидоии биноҳо тақрибан 119 миллион сомонӣ таъйин шудааст.

Масоҳати хонаҳо ҳудуди 29 ҳазор метри мураббаъ буда, дар бештар аз ду гектар замин ҷойгиранд.

Ба ҳисоби миёна арзиши ҳар метри мураббаъ дар ин биноҳои сохтмонашон нотамом 4 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад.

Ин баландошёнаҳоро ширкати вобаста ба Тоҷиддин Пирзода (Пиров), мудири пешини "Тоҷиксодиротбонк", дар ноҳияи Данғара сохтааст. Ин бонк чанд сол пеш муфлис эълон шуд.

Ҳукумат як бинои дигари 9-табақаи сохтмонаш нотамомро дар Данғара аввали моҳи май ба музояда гузошта буд. Ҳоло маълум нест, ки он харидор ёфтааст ё на.

Пештар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфта буд, ки дафтари асосии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе ба маблағи беш аз 125 миллион сомонӣ ва меҳмонхонаи "Тоҷикистон" (вобаста ба Тоҷиддин Пирзода) ба маблағи беш аз 225 миллион сомонӣ ҳанӯз харидор наёфтаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи кори "Тоҷиксодиротбонк"-ро соли 2021 гирифт ва интизор меравад аз ҳисоби фурӯши амволи он маблағи додаи давлату мизоҷонро баргардонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG