Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷ соли зиндон кам буд." Ҳукми хушдомани Манора дубора тағйир ёфт


Бибикалон Назирова бо келинаш Манораи Абдуфаттоҳ. Акс аз бойгонии хонавода
Бибикалон Назирова бо келинаш Манораи Абдуфаттоҳ. Акс аз бойгонии хонавода

Додгоҳи олии Тоҷикистон пас аз эътирози намояндаи додситонӣ ҳукми зане, ки дар худкушии келинаш дар ноҳияи Файзобод айбдор мешуд, дубора тағйир додааст.

Моҳи октябри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова, сокини ин ноҳияро барои "ба худкушӣ расондан"-и келинаш ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд, вале Додгоҳи олӣ ҳукми ӯро ду сол кам кард.

Ин зан ба он айбдор мешуд, ки бо фишори ӯ, келинаш Манораи Абдуфатоҳ, даст ба худкушӣ задааст. Аз қарори Додгоҳи олӣ наздикони Манора ва додситонӣ дар аризае ба Додгоҳи олӣ эътироз карда буданд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо эътирози додситонӣ ва аризаи онҳо Додгоҳи олӣ парвандаро аз сар тафтиш кард ва имрӯз дубора қарор кард, ки зан на панҷ сол, балки ҳафт сол бояд дар зиндон бимонад. Ба гуфтаи ӯ, ба ин тартиб додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Файзободро, ки ин занро аз аввал ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд, дуруст ҳисобид ва ду сол кам шудани ҳукмро бекор кард.

“Мо ба додситонӣ ва судӣ олӣ шикоят карда будем. Додситонӣ эътироз навишт. Ҷазои панҷ солро кам донистанд ва онро бекор намуда, аз сар баррасӣ карданд. Имрӯз дубора ҳукмро ҳафт сол карданд,”—гуфт, ӯ.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд тобистони соли 2021 дар манзили зисташ пайдо карданд. Мақомот гуфтанд, зарбҳои кордро худи ин зан ба баданаш задааст ва ҳодисаро худкушӣ номиданд. Наздикони ин зан ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Мақомот расман тағйири дубораи ҳукми хушдомани Манораро шарҳ надоданд. Наздикони Бибикалон Назирова низ аз суҳбат бо матбуот дар ин бора худдорӣ намуданд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора мегӯяд, барои адолатхоҳӣ дар парвандаи марги духтараш ду сол талош кард ва гуфт, “аз ҳукми охирони додгоҳ розӣ аст.”

Манораи Абдуфаттоҳ соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод издивоҷ карда, ба гуфтаи наздикон, аз ибтидо бо хушдоманаш мушкил дошт. Ӯ се фарзанди хурдсол дорад, ки пас аз маргаш ба тарбияи шавҳараш супурда шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG