Даҳҳо духтарро аз ду мактаби вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон ба бемористонҳои маҳаллӣ бурданд. Тибқи гузоришҳо, шаст хонанда дар мактаби "Оби кабуд"-и ноҳияи Чанчораки Сарипул ва 20 духтари дигар дар мактаби "Файзобод" заҳролуд шудаанд.
Муҳаммад Умар Сарипулӣ, раиси бахши иттилоот ва фарҳанги вилояти Сарипул, заҳролуд шудани донишомӯзонро тасдиқ кард. Ӯ шоми 4-уми июн ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "душманон кормандони мактабро ғофилгир карданд ва дар синфхонаҳо мавод истифода карданд."
"62 нафар, ба шумули се муаллима, як муаллим, яке аз наздикони талабаҳо ва як тан аз кормандон заҳролуд шуданд. Имрӯз 24 нафар дар мактаби "Файзобод"-и Санчорак низ заҳролуд шуданд," -- афзуд ӯ.
Сарипулӣ гуфт, "духтарон пас аз ҳодиса дарунравӣ ва нафастангӣ дошта, маводе, ки барои заҳролудкунии онҳо истифода шуд, ашковар буд." Ба қавли раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон, вазъи саломатии донишомӯзон хуб аст ва таҳқиқот ба ҳадафи пайдо кардани сабабгорон ҷараён дорад.
Муҳаммад Раҳмон, раиси Идораи таълим ва тарбияи вилояти Сарипул, гуфтааст, тибқи баррасии ибтидоии онҳо, фарде бо ангезаи шахсӣ бо як нафари дигар маблағ додааст, то ин ҳамлаҳоро анҷом диҳад.
Дар Афғонистон фоҷеаи омӯзиш ва таҳсил густурдатар аст, зеро миллионҳо духтари болотар аз синфи шашум аз омӯзиш маҳруманд.
Беш аз 620 рӯз мешавад, ки мақомоти Толибон дарвозаи мактабҳоро барои духтарони болотар аз синфи шашум бастаанд. Ин мамнуият боис шудааст, ки омӯзиши духтарони зери синфи шашум ҳам баъзан ба мушкил рӯбарӯ шавад.
Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Онҳо ба таҳсили духтарон маҳдудият ҷорӣ карда, дар охири соли 2022 аз вуруди духтарон ва занон ба донишгоҳҳо ҳам пешгирӣ карданд.
Бо вуҷуди фишорҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ, Толибон аз мавзеи сахтгиронаи худ дар баробари омӯзиши духтарон то ба ҳол ақибнишинӣ накардаанд.
Бо идомаи мамнуиятҳои Толибон, шуморе аз расонаҳо, аз ҷумла бахши дарии Радиои Озодӣ барномаҳои омӯзишро барои духтарони болотар аз синфи 6 оғоз кардаанд. Дарсҳое, ки духтарон муштоқанд дар мактаб бихонанд.
Гуфтугӯ