Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковникеро, ки ба таҷовузи Шаҳло муттаҳам мешавад, бозпурсӣ кардаанд


Шаҳло Давлатова мегӯяд, бозпурсӣ рӯзи 31-уми май сурат гирифтааст.
Шаҳло Давлатова мегӯяд, бозпурсӣ рӯзи 31-уми май сурат гирифтааст.

Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия як занеро, ки афсари баландрутбаи милисаро ба таҷовузи ҷинсӣ дар утоқи кориаш ва тамаъҷӯӣ муттаҳам мекунанд, бо худи ӯ ва наздиконаш рӯ ба рӯ ва бозпурсӣ кардаанд.

Шаҳло Давлатова, сокини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, Дилмурод Шодизода, сардори Шуъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, аз ӯ дар ивази қатъи парвандаи ҷиноӣ 30 ҳазор доллар ситонида ва як дафъа ҳам дар утоқи кориаш таҷовуз кардааст.

Додгоҳи Суғд ин занро бо гуноҳи муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар моҳи ноябри соли 2022 ба чаҳор соли зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ се кӯдак дорад ва иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдакони хурдсолаш ба таъхир андохта шудааст. Шаҳло Давлатова дар аризааш ба номи раҳбарони Тоҷикистон саҳнаи таҷовузашро, ки ба иддаои ӯ моҳи январ сурат гирифтааст, нақл карда ва гуфтааст, бо вуҷуди ҳомилагии ӯ ва хабардор будан, Дилмурод Шодизода ба ӯ дастдарозӣ кард.

Вазорати умури дохилӣ иддаои Шаҳло Давлатоваро "дурӯғ" номида ва мегӯяд, ки "Шаҳло Давлатова барои ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардани худ бе ягон далел ба подполковники милитсия Дилмурод Шодизода туҳмат задааст."

Бо вуҷуди ин Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бар асоси шикоятҳои Шаҳло Давлатова, ба тафтишоти ин қазия шуруъ кардааст. Як намоянда аз ниҳод дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттиши оҷонсӣ аз Душанбе рӯзи 31-уми май Шаҳло Давлатова ва бародарашро бо Дилмурод Шодизода рӯ ба рӯ карда, дар бораи додани 30 ҳазор доллар ришва ва таҷовузи ҷинсӣ бозпурсӣ кардаанд. Ҳамсуҳбати мо ҷузъиёти нагуфт ва танҳо афзуд, ки бозпурсии рӯбарӯи ду тараф дар видео сабт шудааст.

Шаҳло Давлатова рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бозпурсии бародараш бо муфаттиш дар утоқи корӣ сурат гирифт ва дар ҷое, ки маблағро ба Дилмурод Шодизода додааст. Шаҳло Давлатова афзуд: “Бародарам аз ӯ пурсид, ки маблағро дар ҳаминҷо шумо гирифтед, вале муфаттиш рад кард. Вақте гуфт, ки ба занатон қасам хӯред, ки 30 ҳазор долларро гирифтед, ё не, хомӯш монд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъди суҳбати рӯ ба рӯ бо бародараш ва Дилмурод Шодизода, муфаттиш сипас ӯро бо ин подполковники милиса рӯ ба рӯ карда ва дар бораи таҷовуз пурсидааст. Шаҳло Давлатова афзуд: “Пас аз бародарам, маро бо муфаттиш рӯбарӯ карданд. Нишонаҳо ва холу доғҳои бадани ӯро гуфтам. Вақте либосашро поён кард, ба навор гирифтанд. Ба муфаттишон гуфтам, ки вақте дастдарозӣ кард, гуфтам ки ҳомиладор ҳастам гӯш накард.”

Дилмурод Шодизода, сардори Шӯъбаи тафтишотии корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд баъди ин бозпурсиҳо ба зангҳои мо посух надод, вале қаблан дар суҳбати телефонӣ рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар мавриди маблағу таҷовуз ба номус ин ҳама нодуруст аст. Агар факту далел дошта бошад, ба мақомот муроҷиат кунад, бигзор санҷиш гузаронанд, мо посух медиҳем. “

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 19-уми май дар як баёнияи расмӣ иддаои Шаҳло Давлатоваро "комилан дурӯғ" номида, худи ӯро ба "муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар, судхӯрӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба кори муфаттиш" муттаҳам кард.

Шаҳло Давлатова мегӯяд, ки ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хона харида, баъди ороиш дубора мефурӯхт, вале ҳеч вақт бо асъори хориҷӣ додугирифт накардааст. Шаҳло Давлатова рӯзи 13-уми май бо супоридани нома ба мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, хостааст "рафтори муфаттиш ва таҳқиру туҳмат дар ҷараёни тафтишот" баррасӣ шавад.

Солҳои охир шикоят аз бадрафториву сӯистифода аз мақом ва тамаъҷӯии афсарон ва кормандони милиса дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Дар гузашта ҳам вазорати умури дохилиро яке аз вазоратҳои олуда ба фасод дар кишвар номидаанд.

Моҳи апрели имсол волидони як наврас ва хонандаи мактаб дар Рашт моҳи апрели имсол иддао доранд, ки маъмурони милиса, ки писарашонро ба дуздӣ муттаҳам мекарданд, ӯро маҷбур кардаанд, "ё ба гуноҳ эътироф кунад" ва "ё шимашро бикашад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG