Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ВКД ба "30 ҳазор доллар хост ва дастдарозӣ кард"


Шаҳло Давлатова
Шаҳло Давлатова

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба як матлаби Радиои Озодӣ вокуниш кард.

Дар он матлаб аз 16-уми май Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд ва соҳиби се фарзанд, иддао карда буд, ки муфаттиши милиса Дилмурод Шодизода барои халосии ӯ аз ҷавобгарӣ 30 ҳазор доллар хост ва ба номусаш дастдарозӣ кард.

Вазорат рӯзи 19-уми май дар эъломияе иддаои Шаҳло Давлатоваро "комилан дурӯғ" номида, худи ӯро ба "муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар, судхӯрӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва монеъ шудан ба кори муфаттиш" муттаҳам намудааст.

"Шаҳло Давлатова барои ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардани худ бе ягон далел ба подполковники милитсия Дилмурод Шодизода туҳмат задааст," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКД.

Ба иттилои манбаъ, Шаҳло Давлатоваи 35-сола ҳанӯз соли 2016 ба ҷавобгарӣ кашида шуда, бар асоси қонуни афв раҳо шудааст.

Мақомот ин занро ба иттиҳоми муомила бо доллар моҳи ноябри соли 2022 низ дастгир ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки хурдияш ба таъхир уфтод.

Шаҳло Давлатова гуфта буд, ки ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хонаи нав харида, пас аз ороишу рангубор дубора мефурӯхт, вале ҳеч вақт бо асъори хориҷӣ додугирифт накардааст. Мегӯяд, ӯро ҳангоми бозпас гирифтани 9 ҳазору 800 доллар қарзи додааш ба шаҳрванд Абдувалӣ Боқизода дастгир карданд ва мушкилоташ аз онҷо сарчашма мегирад.

Шаҳло Давлатова рӯзи 13-уми май бо супоридани нома ба мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, талош дорад, ки "рафтори муфаттиш ва таҳқиру туҳмат дар ҷараёни тафтишот" баррасӣ шавад.

Дар солҳои охир дар идораҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд мавриди шиканҷаи гумонбарон сабт шудааст. Волидони як хонандаи мактаб дар Рашт моҳи апрели имсол иддао доранд, ки маъмурони милиса ӯро маҷбур кардаанд, "ё ба гуноҳ эътироф кунад" ва "ё шимашро бикашад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG