Зиёда аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззахи Узбекистон дар натиҷаи шамоли сахти рӯзи 19-уми июн бе барқ мондаанд.
Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи шамоли сахт интиқоли нерӯи барқ ба 600 ҳазор сокини Бухоро ва 23 ҳазору 560 сокини Навоӣ қатъ карда шуд.
Ҳамчунин рӯзи 19-уми июн нуҳ ҳазор сокини ноҳияҳои Самарқанд низ бе барқ мондаанд.
Дар Самарқанд ва вилоятҳои дигари Узбекистон рӯзҳои охир тундбоди шадиди ғуборолуд мушоҳида мешавад.
Гуфтугӯ