Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, сокинон барои кумак ба дигарон хуни худро фурӯхта наметавонанд, "чун манъ аст". Вале ниҳоди содиркунандаи фатво "дар ҳолати зарурат" ҳадя додани хунро ҷоиз донистааст.
Дар Тоҷикистон солҳои охир таблиғи додани хун байни мардум афзудааст. Баъзе аз сокинон ихтиёрӣ ва бепул хун медиҳанд ва бархеи дигар дар ивази ин кор маблағ мегиранд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, бемористонҳои кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон фавқулода ба хун эҳтиёҷ доранд. Маҳз ба сабаби норасоии хун гоҳе пизишкон наметавонанд, беморонро аз чанги марг бираҳонанд.