Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигор
Дуруд ҳаммеҳани азиз.
Имсол бештар аз ҳар вақт дилам танги дидорат шуд. Дар ҳар суҳбату ҳар нишаст риштаи афкорам ба вуҷуди туву Меҳанамон гиреҳ мехӯрд. Он қадр гуфтам, ки баъзе аз дӯстон аз Фаронса ба тамошои Тоҷикистон шитофтанд.
Рӯзҳоеро, ки дар китобхонаи марказӣ мегузарондам, онҳо ба дидори азизи дур аз чашми ман рафтанд ва аксҳои фаровонеро бароям чун раҳовард ҳадя оварданд. Мегуфтанд, Осиёи Марказӣ ва бавижа Тоҷикистон барояшон як минтақаи ношинохта ё камшинохта аст.
Яке аз онҳо, Эмил Г., розӣ шуд, ки бе зикри пурраи насаб гуфтаҳояшро дар матн биёварам. Вақте сабаб пурсидам, гуфт, ки мехоҳад боз ба Тоҷикистон равад ва ин бор ба тамошои кӯҳҳои Помир. Пас салоҳ намедонад ҷонашро дар “хатар” бигзорад. Ба назар мерасад, ӯ низ дарк кардааст, ки дар режимҳои истибдодӣ сукут танҳо роҳи оромиши хотир аст.
Ҳоло сукути як хориҷӣ бимонад ба як тараф, лек ҳаммеҳанам, ба назарат сукути дохилиҳо, сукути ҳазорҳо мисли ману ту дар баробари беадолатиҳо ва истибдоди ҳукумату мақомдорони он то куҷо метавонад кафили оромиш бошад? Оё бо сукут хешро дар саробе аз “оромиш” зиндон намекунем?
Хулоса, дӯсти фаронсавии мо ба Тоҷикистон рафту ҳангоми сафараш ҳар чизе барояш аҷибу ҷолиб намуд, дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои маҷозӣ гузошт. Масалан аз бозори Панҷакент сурате гузошту навишт, ки маънои воқеии калимаи “bazar”-ро нав фаҳмид. Ин калима дар забони фаронсавӣ бештар ба маънои шулуғӣ, дарҳам-барҳам будан ва сару садои зиёд истифода мешавад.
Аз кӯҳҳои Фон аксҳои зебоеро гузошт, ки дили ҳар бинандаро ҷазб мекунад. “Ҳарчанд мардум зиндагии шод надоштанд, бо лабханде самимӣ ва дастархоне ҳамеша боз аз мане, ки меҳмони нохонда будам, пазироӣ мекарданд,” – нақл кард ӯ.
Эмил дар шабакаҳои иҷтимоӣ овезаҳоеро бо тасвири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар шабакаҳои маҷозӣ гузошт. Пурсидам, чаро онҳо бароят ҷолиб буданд?
Чунин посух дод: “Ба унвони як фаронсавӣ, намоиши беш аз ҳад аз чеҳраи раисҷумҳур бароям шигифтангез ва ҳатто музҳик аст! Ёдам меояд тақрибан ҳар ҷое мерафтам акс ё овезае аз ӯ мавҷуд буд, масалан наздики кӯҳ тасвире аз ӯ дар кӯҳистон ё ҳатто нақли қавле аз ӯро дар даромадгоҳи масҷид дидам!”
Хуб, бояд ҳам барояш аҷиб бошад. Дидани ин ки як нафар барои мисол раисиҷумҳур ҳам нақши муллои масҷидро дорад, ҳам варзишгари бозиҳои зимистона, ҳам нигаҳбони деворҳои марказҳои омӯзишӣ, дармонгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ... Бечора ҳақ ҳам дорад, ки ангушти ҳайрат ба даҳан бигирад.
Ин ҳарфҳояш маро аз олами афкорам берун кашиданд: “Фазо ба гунае буд, ки ангор “Бародари бузург” тамошоямон мекунад!” Пурсидам, оё ин ишорае ба китоби Ҷорҷ Оруэл нест? Магар кадом унсурҳои режими диктатуриро дар онҷо ташхис додӣ?
Гуфт: “Бадеҳист, ин ишорае ба Оруэл аст! Ишорае, ки наметавон аз он сарфи назар кард, зеро тасвирҳои раисиҷумҳур дар ҳама ҷо ҳозир аст. Пас дар ҳамаи мавқеиятҳо ин тасаввурро эҷод мекунад, ки раисиҷумҳур дар тамоми фаъолиятҳои рӯзона дар камини шаҳрвандон нишастааст. Чӣ нишонаи возеҳтар аз ин метавонад вуҷуд дошта бошад?”
Пас аз суҳбат бо ин ошнои хеш беихтиёр ба ёди меҳмоние уфтодам, ки чанде пеш ба он даъватам карданд. Меҳмонӣ дар хонаи яке аз ҳаммеҳанон дар Фаронса. Пиразани нуроние, ки ба тозагӣ аз Тоҷикистон омадааст, низ дар ҷамъи меҳмонон буд.
Хулоса суҳбат аз ин дару он дар зиёд шуд. Сокит сари ҷоям нишаста будам ва то касе маро мухотаби суҳбаташ қарор намедод, ба суҳбат ҳамроҳ намешудам. Як суоли он пиразан назарамро ҷалб кард. Мепурсид, “чаро дар кӯчаҳои ин ҷо сурати Эммануэл Макрон нест? Магар ӯ раисҷумҳури Фаронса нест? Шукри Худо фарзандон моро барои тамошо ба чанд шаҳр бурданд, лекин ба чашми ман ҳатто якто сурати ӯ нахурд. Аҷиб аст!”
Он лаҳза гуфтам, хуб, барои дидани аксҳои Макрон дар хиёбонҳо бояд порсол меомадед. Чун танҳо дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки акси номзадҳо аз ҳисоби худашон ё аз ҳисоби ҳизбҳое, ки намояндагияшон мекунанд, ба нашр мерасад. Сипас сукут кардаму дубора гӯш супурдам ба суханони бузургони маҳфил, ки дарҳаму барҳам ва аз ин дару он дар мегуфтанд.
Оё ин пурсиш дар зеҳни шумо низ пайдо шуд, ки агар тамоми аксҳои раисҷумҳур дар шаҳреро ҳисоб кунем чӣ қадар мешавад? Маблағи онҳоро ҳисоб кунем чӣ? Дар вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ин маблағ чӣ қадар хоҳад гашт?
Ҳаммеҳани азизам, худат чашми бинову зеҳни тавоно дорӣ, ҳар ҷое аз Меҳанамон ҳастӣ, бархез, ҳамин лаҳза даст ба кор шав, аз хонаат ба берун баро ва ҳисоб кун. Чанд акс, чанд огаҳии деворӣ аз оқои Раҳмон дар шарҳи зистат мавҷуд аст? Шак накун, бо ҳамин як мисоли содда, ҳисоби кор дастат хоҳад омад. Мепурсӣ хуб баъдаш чӣ? Содда аст, азизи дил!
Дигар сар дар гиребон нахоҳӣ буд. Беихтиёр аз худат хоҳӣ пурсид, оё сарфи ин ҳама маблағ барои таблиғи касе, ки беш аз сӣ сол боз бар арикаи қудрат такя задааст, исрофи буҷет ва коғазу рангу энержӣ нест? Ҳатто агар тарафдори шахси раисҷумҳур бошӣ, дар сурати вуҷуди мағзи солим дар баданат, дарк хоҳӣ кард, ин харҷи беҳуда на ба нафъи мардум аст, на ба нафъи Тоҷикистон ва на худи ту! Магар ғайр аз ин аст?
Гуфтугӯ