"Дар 19 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар вилояти Алмато кафидани деворҳо мушоҳида шудааст", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии вазорат рӯзи 23-юми январ.
Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алмато, шаби 22 ба 23-юми январ дар сарҳади Қазоқистон ва Қирғизистон бо Чин заминларзаи 6,7-дараҷаӣ рӯй дод.
Шиддати заминларза дар Алмато 4-5 дараҷаро ташкил додааст.
Мақомоти шаҳри Алмато гуфтанд, баъд аз зилзилаи охир то шоми 23-юми январ ба бемористонҳои шаҳр 67 кас муроҷиат кард.