Ҷашни Наврӯз дар Душанбе бо оташ афрӯхтан дар зери борон ва рақси гурӯҳе аз сокинон зери навои сурнаю карнай дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳр оғоз шуд.
Маросими барафрӯхтани "Гулхани наврӯзӣ" бахши вижае аз ҷашнгирии расмии Наврӯз аз сӯйи ҳукумат дар Тоҷикистон аст, ки солҳои ахир барпо мешавад. Дар ин маросим, бар иловаи Гулхани наврӯзӣ, ҳамчунин пухтани суманак, омода кардани ҳар гуна хӯрокиҳои баҳорӣ ва суннатҳои барҷастаи Наврӯз низ баргузор гардид. Сарфи назар аз борони шадиди субҳи имрӯзи Душанбе гурӯҳе аз ҳунармандон ва мардум таронаҳои наврӯзӣ мехонданд.
Тоҷикистон ба унвони кишвари форсзабон ва меросдори ин ҳавзаи тамаддунӣ Наврӯзро дар сатҳи расмии давлатӣ ҷашн мегирад ва барои баргузории маросимҳои гуногун аз 21 то 24-уми мартро таътил эълон кардааст.
Имсол шаҳрдории Душанбе ба далели боронҳои шидиди рӯзҳои 21-22 март ҷашнгириҳои расмии давлатиро ба рӯзҳои 23-24-март вогузор кардааст. То ин вақт дар Душанбе мусобиқоти байналмилалии гуштии миллии тоҷикон, пойгаҳи аспдавонӣ ва Ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ" баргузор гаштанд.