Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо бо Урдун ва Покистон дар Қатар омода мешавад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тимҳои миллии Урдун ва Покистон дар Қатар ҷамъомади таълимию тамринӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби кишвар зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар шаҳри Доҳаи Қатар 22-юми май оғоз шуда, то 3-юми июн идома хоҳад кард.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон барои бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили дастаи мунтахаби Урдун ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Уммон - меравад.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон соати 20:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 22:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сипас мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва рӯзи 11-уми июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо тими миллии Покистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад. Бозӣ соати 20:00 шуруъ мешавад.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 5-ум

6-уми июн (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 22:30 бо вақти Душанбе

Урдун – Тоҷикистон

Уммон, Варзишгоҳи байналмилалӣ

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Покистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “G” тими миллии Арабистони Саудӣ бо касби 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо касби 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Дастаи Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “G” 6-уми июн ба ғайр аз бозии дастаҳои Урдуну Тоҷикистон, мунтахаби Покистон бо Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

То ҳоло аз рӯи натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар минтақаи Осиё ҳафт дастаи мунтахаб – Қатар, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Австралия пешакӣ ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ пайдо кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG