Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мусовӣ дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Аврупо-2024


Яке аз бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо-2024
Яке аз бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Рӯзи якшанбеи 16-уми июн дар Олмон се бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар гурӯҳҳои D ва С баргузор шуд.

Дар гурӯҳи D Полша аз Нидерланд бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Дар гурӯҳи С бозии Словения ва Дания бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дарвоқеъ, ин аввалин мусовӣ дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Аврупо-2024 ба шумор меравад. Дар бозии дигари гурӯҳи С Англия бар Сербия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Группа D

Полша – Нидерланд - 1:2 Голҳо: Букса, 16 (1:0), Гакпо, 29 (1:1), Вегхорст, 83 (1:2). Сардовар: А.Суареш Диаш (Португалия). Гамбург. "Фолкспаркштадион".

Гурӯҳи С

Словения — Дания — 1:1 Голҳо: Эриксен, 17 (0:1), Янжа, 77 (1:1). Сардовар: С.Шерер (Швейтсария). Штутгарт. "МНР-Арена".

Сербия — Англия — 0:1 Гол: Беллингем, 13 (0:1). Сардовар: Д.Орсато (Италия). Гелзенкирхен. "Фелтинс-Арена".

Пас аз натиҷагирии даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи С мунтахаби Англия бо се имтиёз пешсаф аст. Дания

ва Словения, ки якимтиёзӣ ба даст овардаанд, мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд. Сербия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар гурӯҳи D мунтахаби Нидерланд бо се имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Полша бидуни имтиёз дар зинаи чорум мебошад. Австрия ва Фаронса 18-уми июн ба рақобат мепардозанд.

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок мекунад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳи иборат аз чортимӣ тақсим шудаанд. Бозиҳо дар 10 варзишгоҳи 10 шаҳри Олмон доир мегарданд.

Бояд зикр намуд, қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Италия дар бозии ниҳоӣ 11-уми июли соли 2021 дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон мунтахаби Англияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дода буд.

Қаҳрамонии Аврупо-2024:

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

Даври аввал

14 июн, ҷумъа:

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

15 июн, шанбе:

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

16 июн, якшанбе:

Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

17 июн, душанбе

Гурӯҳи С, 00:00, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, 18:00, Руминия - Украина

Гурӯҳи E, 21:00, Белгия - Словакия

18 июн, сешанбе:

Гурӯҳи D, 00:00, Австрия - Фаронса

Гурӯҳи F, 21:00, Туркия – Гурҷистон

19 июн, чоршанбе

Гурӯҳи F, 00:00, Португалия – Чехия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG