Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни сафари Си Ҷинпин дар Душанбе. Созишномаҳои зиёдтар, пойбандии сахттар?


Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар Душанбе.
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ситоиш аз ҳамкориҳои кишвар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфтааст, дар муддати 16 соли гузашта Чин ба иқтисоди кишвар бештар аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва аз шарикони муҳимтарини Тоҷикистон мемонад.

Дар баёнияи ӯ пас аз мулоқот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин омадааст, “имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад” ва чанд рӯз пеш дар Ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Чанде пеш байни Вазорати рушди иқтисод ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин дар бораи сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Бар асоси он дар марҳилаи аввал дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ва бо маблағи 150 миллион доллар сохта шавад. Ба гуфтаи мақомот, маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Си Ҷинпин, ки бори охир соли 2019 ба Душанбе сафар карда буд, ваъда додааст, ки аз “тамомияти арзии” Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Чин ҳамчунон ҳамкориҳои дӯстона ва судманд барои ду тарафро бо Тоҷикистон ривоҷ медиҳад, аз талошҳои кишвар барои муҳофизати истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад.” Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳамкориҳои ду тараф барои мубориза бо «се нерӯи бадӣ» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ” густариш меёбад.

Дар ҷараёни сафар ду тараф 29 санади ҳамкории дигарро имзо кардаанд. Зимни сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, дар Душанбе ду бинои азими муҳташам аз ҷумла бинои ҳукумат ва порлумонро боз карданд, ки ҳарду бо кумаки молии беш аз 200 миллион долларии Чин дар маркази шаҳр сохта шудаанд.

Хабаргузории давлатии Ховар аз қавли яке аз муҳандисони сохтмони бинои ҳукумат навиштааст, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, ки ранги биноро худаш интихоб кард, ду дарахти шоҳбулут дар саҳни он ҳифз карда шуд. “Ҳамаи маводи ороишӣ аз Чин ворид гардид” ва зиёда аз 10 ҳазор тонна масолеҳ барои ороиши берунаи биноро ҳам аз берун овардаанд. Ҷанг Тонг И муҳандиси чинӣ гуфтааст, ки бино ба мардуми тоҷик беш аз 100 сол хизмат хоҳад кард.

Осиёи Марказӣ яке аз ҳалқаҳои ҳаётӣ дар тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” ки Чин бо истифода аз тарҳҳои азиме ба мисли бунёди роҳу иншооти азими дигарро барои тақвияти нуфузи худ амалӣ кардааст. Мунтақидон мегӯянд, Чин бо ин кор ва қарзҳои бисёраш, кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистонро зери бори гарони қарзи зиёд монда, пойбанди майлу иродаҳои сиёсии худ месозад.

Бо вуҷуди ин Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид менамояд.” Сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Чин дар Тоҷикистон шоми 4-уми июл оғоз ёфт ва 5-уми июл ба поён расид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG