Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Фаронса чапгароҳо бартарӣ ёфтанд


Хушҳолии ҷонибдорони ҳизбҳои пирӯз дар интихоботи Фаронса
Хушҳолии ҷонибдорони ҳизбҳои пирӯз дар интихоботи Фаронса

Дар даври дуюми интихоботи порлумонии Фаронса ҷабҳаи росту марказгарои “Ҳамроҳ барои ҷумҳурӣ” аз аксар курсиҳо маҳрум шуд. Аз рӯи шумори курсиҳо эътилофи ҳизбҳои чапгарои “Ҷабҳаи мардумии нав” пеш гузашт.

“Иттиҳоди миллӣ”-и ростгаро, ки дар даври аввали интихобот ғалаба мекард, дар ҷои сеюм қарор гирифт. Дар интихоботи рӯзи якшанбе 66,6 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карданд. Дар бисёр ҳолатҳо барои пешгирӣ аз пирӯзии ростгаҳоро тарафдорони ҳизбҳои рақиб ба овоздиҳӣ ба манфиати чапгароҳо даъват карданд. “Ҷабҳаи мардумии нав” 182 курсиро соҳиб шуд. Эътилофи ҷонибдори президент “Ҳамроҳ барои ҷумҳурӣ” 168 курсиро бурд. “Иттиҳоди миллӣ” соҳиби 143 курсии маҷлис гардид. Ҷумҳурихоҳон 45 ҷой гирифтанд. Дигар ҳизбҳо дар маҷмӯъ 39 курсиро бурдаанд. Ҳеҷ як ҳизбу иттиҳоди сиёсӣ натавонист аксари курсиҳоро барад. Дар парлумони Фаронса 577 ҷой ҳаст ва барои соҳибии аксари курсиҳо 289 ҷой лозим аст.

Нахуствазир Габриэл Аттал президент Эммануэл Макронро огоҳ кард, ки барои истеъфо омода бошад. Дар қасри президент гуфтанд, ки баъди маълум шудани натиҷаҳои ниҳоии шаклгирифтаи интихобот Макрон нахуствазирро таъин хоҳад кард.

Дар шарҳи натиҷаҳои интихобот нахуствазири Полша дар шабакаи Х навишт: “Дар Париж мардум рӯҳбаланд шуд, Маскав нороҳат гардид ва Киев оҳи сабук кашид. Дар Варшава ҳамин чиз барои хушҳолӣ кофӣ аст.”

XS
SM
MD
LG