Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Сабаби кордкашӣ ба сари муфтӣ чӣ буд?


Аз чап ба рост: Иззаттуло Додобоев, Мирзонабии Холиқзода, Амруллоҳи Низом
Аз чап ба рост: Иззаттуло Додобоев, Мирзонабии Холиқзода, Амруллоҳи Низом

Ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар пеши чашми мардум ва дар дохили масҷид авбошӣ буд, ниқор, ё ҳамлаи аз пеш созмондодашуда?

Дар ин ҳамла, ки рӯзи 11-уми сентябр рух дод, Саидмукаррам Абдулқодирзода захмӣ шуд. ВКД Тоҷикистон ҳамларо авбошӣ номид ва гуфт, ки як ҷавоне барои ин кор дастгир шудааст. Аз он рӯз то ҳоло дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд ва аз ин рӯ ҳадсу гумон дар бораи сабабҳои ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст.

Суҳбат дар барномаи "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст ва меҳмонон Иззаттуло Додобоев - муфаттиши собиқи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Душанбе ва Амруллоҳи Низом - фаъоли маданӣ ва аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон.

Чанд иқтибос аз барнома:

Амруллоҳи Низом: “Агар ҳам марде ё фарде маргталаб дар онҷо ҳузур медошт, ҳеч вақт пеш аз онки таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кунад ва хитоб ба раиси Маркази исломӣ бигӯяд, ки "ман гӯшатро мебурам" ва ё ин ки "фалон мекунам" ва ё ин ки ҳамла кунад, дарҳол вориди амал мешуд ва тарафи муқобилро аз пой меафтонд. Аммо ин пеш аз онки як зарбаи ҷисмонӣ бошад, як зарбаи равонӣ ба ҷаноби Абдулқодирзода аст".

Изаттулло Дадобоев: “Дар онҷо пеш аз ҳама камераҳои назоратӣ ҳаст. Ҳодиса дар масҷид шудааст ва ҳаракати шахсро пеш аз содир кардани ҷиноят бояд дар назар гирифт. Чӣ гуна наздик шуд, чӣ гуна ҳамла кард? Аз ҳамон ҳаракатҳои ӯ баҳо дода мешавад, ки оё ӯ чӣ мақсад дошт. Барои ҳамин вақте ки сабту дигар фактҳоро чӣ ба рӯзноманигорон, чӣ ба ҷомеа пешниҳод намекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин шубҳаҳоро зиёд мекунанд. Асосро гӯем, агар шахсе, ки мақсади ҳамла дошт, ё дар ягон гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ узв бошад, ё ҳамин кирдорро содир намуда бошад, ба фикри ман ингуна амал намекард".

Амруллоҳи Низом: “То ҷое ки маълумот дорам, он ифротгароии диние, ки ҳукумат таблиғ мекунад, як навъ ба хотири маблағ ситонидан аз дигар кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонист, на инки дар воқеъ дар дохили Тоҷикистони мо ин қадар ифротгароии динӣ шакл гирифта бошад ва то ин ҳад фаъолиятҳои онҳо пеш рафта бошанд, ки битавонанд, озодона дар байни ҷомеа ва дар маркази пойтахт, дар дохили масҷид ба муфтӣ ва ё инки раиси Маркази исломии Тоҷикистон ҳамлавар шаванд. Аммо дар хориҷ, бахусус кишварҳои аврупоӣ як навъ падидаҳои дигаре, на ифротгароӣ, балки падидаҳои дигаре, ки онро метавон ба навъе рабт дод байни муҳоҷироне, ки дар кишварҳои аврупоӣ ҳузур доранд, бахусус онҳое, ки аз дин бехабаранд, онҳое, ки тоза вақте дар ғурбат омадаанду аз маҷбурӣ ба хотири тахлияи тамоми ҳамон нороҳатиҳое, ки доранд, рӯ ба масҷид меоранд ва ё инки рӯ ба дин меоранд ва ё инки ба Худо наздик мешаванд. Дар ҳамин шароит онҳо дар хеле вақт мутаассифона гирифтори гурӯҳҳои алоҳида ва ё инки гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.”

Изаттулло Дадобоев: “Якчанд фарзия ҳаст, аммо асосашро гирем агар, асос муноқишаи дохилии миёни доираҳои динӣ аст. Дуввум - бозӣ бо эҳсоси динӣ, баъд фикри мардумро кашидан ба тарафи дигар аст. Яъне имомхатиби аввалиро заданд, дигар имомхатибон дар ҳолати тарс қарор мегиранд".

Сабаби кордкашӣ ба сари муфтӣ чӣ буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:30 0:00

XS
SM
MD
LG