Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба Яман ҳамла кард


Ҳамлаи Исроил ба бандари Ҳудайда дар Яман
Ҳамлаи Исроил ба бандари Ҳудайда дар Яман

Исроил рӯзи 20-уми июл дар посух ба ҳамлаи Ҳусиҳо ба Тел Авив ба хоки Яман ҳамла кард.

Рӯзе аз ин пеш дроне, ки ба Ҳусиҳои Яман марбут медонанд, ба Тел Авив ҳамла кард ва як нафарро кушт.

Ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, аз оғози ҳамлаи Исроил ба Ғазза эълон кардаанд, ки аз фаластиниён пуштибонӣ мекунанд.

Исроил бандари Ҳудайда дар Яманро хароб кард. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, Ҳусиҳо аз тариқи ин бандар аз Эрон силоҳ дастрас мекунанд.

Йоав Галант, вазири мудофиаи Исроил гуфт, ки то кунун Ҳусиҳо 200 бор ба Исроил ҳамла карданд ва бори аввал аст, ки онҳо ба ин ҳамла посух доданд. Ӯ гуфт, ки агар Ҳусиҳо ҳамлаҳояшонро давом диҳанд, боз зарба хоҳанд хурд.

Вазорати тандурустии Яман гуфтааст, ки 80 нафар дар ҳамлаи Исроил захмӣ шудаанд ва бадани бештари онҳо сӯхта аст.

Рӯзи 19-уми июл Ҳусиҳо эълон карданд, ки ба Тел Авив ба дрон ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамла як марди 50-сола ҷон дод. Дрони Ҳусиҳоро Исроил раҳгирӣ карда натавонист.

Ҳусиҳо, як гурӯҳи мусаллаҳ дар Яман ҳастанд, ки нисфи ин кишварро дар ихтиёр доранд. Исроил мегӯяд, ин гурӯҳ аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG