Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии туркманистониҳо аз мушкил шудани дарёфти визаи Туркия


Назди Сафорати Туркия дар Ишқобод.
Назди Сафорати Туркия дар Ишқобод.

Шеваи нави дарёфти раводид ё визаи Туркия норозигиҳоеро дар миёни сокинони Туркманистон ба бор овардааст.

Чанд манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, сафорати Туркия қоидаҳои додани раводидро ду ҳафта пеш тағйир дода, бештари дархостҳои туркманистониҳо барои дарёфти раводид рад карда мешавад.

"Аз 150 шаҳрванд, ки дар як рӯз барои дарёфти раводид дархост гузоштанд, 147 кас нагирифтааст. Танҳо ба се нафар, аз ҷумла як тоҷир ва як донишҷӯй раводид додаанд", - изҳор дошт яке аз манбаъҳо.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин 200 доллари амрикоие, ки ба оҷонс пардохт карда буданд, баргардонида нашудааст.

Як гуруҳи туркманистониҳое, ки дархосташон рад шудааст, 22 июл ба нишони эътироз дар назди сафорати Туркия дар шаҳри Ишқобод ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба онҳо ё раводид диҳанд ё пулашонро баргардонанд.

Масъулони сафорат гуфтанд, пули эътирозгаронро бояд оҷонсе баргардонад, ки санадҳоро қабул кардааст. Раҳбарияти оҷонс низ баъди таҷаммуи сокинон дар назди коргоҳи ӯ ваъда дода, ки пулро бармегардонад.

XS
SM
MD
LG