Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти бензин ва газ ба Тоҷикистон 10 дарсад зиёд шудааст


Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ дарсад зиёд шудааст.

Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон наздики 784 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Аксари маҳсулоти нафтӣ ё 524,2 ҳазор тоннаро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Тоҷикистон аз Русия асосан бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекунад.

Бар иловаи ин, Тоҷикистон ҳамчунин имсол аз Қазоқистон ва Узбекистон садҳо тонна гази моеъ овардааст.

Бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон пурра аз воридот вобаста аст ва дар ҳафтаҳои ахир нархи баъзе намуд сӯзишворӣ бахусус гази моеъ боло рафт.

XS
SM
MD
LG