Масъулини ин ниҳод 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, аз ҳама зиёд корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО” аз ҳисоби барқ қарздор аст, ки маблағи он 492,5 милион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷойи дуввум идораҳои зертобеи Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ ҳаст, ки маблағи қарзаш имсол ба 134,3 миллион сомонӣ баробар мебошад. Ин корхона кишоварзонро бо об таъмин мекунад ва дар гузашта масъулинаш борҳо гуфтаанд, кишоварзон саривақт пули обро намепардозанд.
Корхонаҳои давлатӣ бошад аз барқ 87,2 милион сомонӣ қарздор будаанд.
Боқӣ қариб 1,5 милиард сомонӣ қарздорӣ аз барқ ба дигар истифодабарандагон, аз ҷумла, аҳолӣ рост меояд. Ҳарчанд дар гузашта хабарнигорон омори қарздории аҳолиро аз барқ зери шубҳа бурда буданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати энержӣ мегӯянд, дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 10,4 миллиард киловат соат барқ тавлид шудааст, ки назар ба соли гузашта 7,2 дарсад камтар аст.
Камшавии тавлиди барқ зоҳиран ба буҳрони энержӣ дар баҳори имсол рабт дорад, ки сокинони аксар минтақаҳо, аз ҷумла пойтахт аз барқ танқисӣ кашиданд.