Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бори дигар хостори оташбас дар Ғазза шуд


Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 25-уми июл нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро дар Кохи Сафед пазируфт. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, мавзӯи асосии ин вохӯрӣ имзои созиши оташбас дар Навори Ғазза буд ва озодии гаравгонҳо аз дасти гуруҳи “Ҳамос” буд.

Пеш аз оғози вохӯрӣ, Байден ва Нетаняҳу ба суолҳои хабарнигорон посух надоданд ва танҳо бо суҳбати кутоҳи расмӣ иктифо карданд.

Нетаняҳу аз Байден ташаккур, ки дар давоми 50 соли кораш дар сиёсат аз Исроил пуштибонӣ кард. Ҷо Байден бори аввал соли 1972 вакили Сенат интихоб шуда буд.

Ҷон Керби, намояндагони Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден ба Бенямин Нетаняҳу бори дигар аз зарурати оташбас дар Ғазза ҳадди ақал ба муҳлати шаш ҳафта таъкид кардааст.

Ҷанг дар Ғазза қариб даҳ моҳ аст, ки идома дорад ва боиси кушта шудани 1200 нафар дар Исроил ва беш аз 39 ҳазор фаластинӣ шудааст. Аксари кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG