Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: Нисбати раҳбари пешини Филармонияи давлатӣ парванда боз шудааст


Кароматулло Раҳимзода.
Кароматулло Раҳимзода.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки нисбати Кароматулло Раҳимзода, раҳбари пешини Филармонияи давлатӣ барои аз худ кардани маблағҳо дар ҳаҷми беш аз 800 ҳазор сомонӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Худи Кароматулло Раҳимзода моҳи июл дар пайи нашри хабарҳо дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбаташ, онро рад карда буд.

Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, санҷиш дар Филармонияи давлатӣ азхудкунии ин маблағро ошкор кард. Ба гуфтаи ин мақомдори Оҷонсӣ, дар ин иртибот нисбати се нафар -- муҳосиб, сармуҳосиби Филармонияи давлатӣ ва худи Раҳимзода парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд.

Ӯ шарҳ дод, ки ин афрод маблағҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ ҷудошударо азхуд кардаанд. Ба қавли ин масъули Оҷонсӣ, ҳарчанд зарари молӣ барқарор шуд, вале парванда қатъ нашудааст.

Ӯ дар посух ба пурсиши батакрори Радиои Озодӣ, ки чаро айбдоршаванда Кароматулло Раҳимзода дар озодист, посух дод, ки бар асоси қонун, аз ӯ забонхат гирифта шудааст.

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфтанд, ки қарори ниҳоиро барои муҷозоти ӯ додгоҳ содир мекунад ва ин, ки парванда қатъ шудааст ё чунин парванда боз нашуда бошад, асос надорад.

Сафҳаи "Паёми Душанбе" рӯзи 9-уми июл бо такя ба дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки Кароматулло Раҳимзода ва муҳосиби пешини Филармония ба азхудкунии 830 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 78 ҳазор доллар) айбдор мешавад. Тақрибан баъд аз се соати нашраш "Паёми Душанбе" ин хабарро пок кард.

Ҳамзамон бо таҳияи ин нашри хабар, Радиои Озодӣ талош кард назари Кароматулло Раҳимзода ва хонаводаашро ба қазия фаҳмад. Раҳимзода дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ хабари дастгир шаданаш ва боз ҳам мавҷудияти парвандаи фасодро нисбаташ рад кард. Ӯ дар суҳбати бидуни сабт тасдиқ кард, ки нисбати муҳосиби пешини Филармонияи давлатӣ, ки дар давраи роҳбарии ӯ кор мекард, парванда боз шудааст ва дар заминаи он зарари молӣ барқарор шуда буд. Кароматулло Раҳимзода танҳо гуфт, ӯро чанд дафъа ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Кароматулло Раҳимзода, падари Ситораи Кароматулло, овозхони шинохта аз соли 2020 то 2023 роҳбари Филармонияи давлатӣ буд. Ӯ солҳо дар бахши фарҳангу санъати Тоҷикистон, аз ҷумла дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси устод кор кардааст. Пеш аз директори Филармонияи давлатӣ шудан директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.

XS
SM
MD
LG