Наҷотдиҳандагон дохили мошин ва хонаҳоро мебинанд, чун эҳтимол меравад то ҳол одамон банд монда бошанд. Пештар қариб 70 нафарро дар болои боми як хона наҷот доданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, беш аз ҳазор наҷотдиҳанда ба макони ҳодиса фиристода шудаанд.
Шоми 30-юми октябр дар пайи боридани борони зиёд, дар минтақаи мухтори Валенсия дар ҷанубу шарқи Испания сел омад.