Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи раҳбари "Узбакистони офтобӣ" аз боздоштгоҳ


Мухолифини узбак мегӯянд, раҳбари эътилофи сиёсии мавсум ба "Узбакистони Офтобӣ" Санҷар Умаров, ки рӯзи шанбеи гузашта бо иттиҳомоти молӣ боздошт шуд, ҳама иттиҳомоти ворида алайҳашро радд кардааст. Эътилофи "Узбакистони офтобӣ" мегӯяд, раҳбараш Санҷар Умаровро бо далоили сиёсӣ боздошт кардаанд.
Ин эътилоф рӯзи сешанбе дар саҳифаи интернетиаш номаеро нашр намуд, ки мегӯяд, Санҷар Умаров аз боздошт фиристодааст. Дар ин нома муаллиф иттиҳомоти ворида алайҳашро "сафсата" ном бурда ва мегӯяд, мақомот дар муқобили вай аз "фишори равонӣ" истифода мекунанд.
Эътилофи "Узбакистони офтобӣ" ба хусус дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон дар мухолифтаи шадид бо давлат қарор гирифта ва хостори истеъфои ҳукумати вақт ба думболи он ҳаводис шуд.
XS
SM
MD
LG