Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 соли зиндон ба раҳбари мухолифони Узбакистон


Рузи душанбе додгоҳи Узбакистон Санҷар Умаров-яке аз раҳбарони мухолифони давлати ин кишварро ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Санҷар Умаров ҳамраиси эътилофи сиёсии "Узбакистони Офтобӣ" мебошад. Додгоҳ вайро барои ҷиноятҳои иқтитсодӣ муттаҳам медонад. Қозии додгоҳ Зокирҷон Исоев ҳангоми эъломи ҳукм изҳор дошт, ки Санҷар Умаров раҳбарии як гуруҳи ҷинояткорро бар уҳда доштааст ва чанд ширкат ташкил кардааст, ки ин ширкатҳо ба Узбакистон зарари иқтисодӣ овардаанд. Аммо ҷонибдорони Умаров мегуянд, ки мухолифати вай бо давлати Узбакистон сабаби ба додгоҳ кашонданаш шудааст. Умаров моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG