Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Интернет ҳам сухан дониста бояд гуфт


Ин тарҳ авоили моҳи июл дар Порлумони кишвар ба тасвиб расида, туҳмату буҳтону таҳқир дар Интернетро ҷиноят мешуморад. Маҷлиси миллии Тоҷикистон ахиран ду банди қонуни мазкурро ислоҳ кард ва акнун тибқи он буҳтон ва паст задани шаъни инсон, аз ҷумла дар Интернет низ, ҷиноят маҳсуб мешавад ва барои он ҷаримаҳои зиёди молӣ, яъне 1000 музди ҳадди ақалли корӣ, ё то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Ислоҳҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноии кишвар дар нашрияи Порлумони Тоҷикистон «Садои мардум» 7-уми августи соли ҷорӣ чоп шуда, қувваи қонунӣ гирифтааст.

Дар вокуниш ба амр, баъзе аз созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон иқдоми президент Раҳмонро манфӣ арзёбӣ карда, онро гоми дигаре ба сӯи сонсур ва маҳдудияти озодии баён хонданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки қаблан низ аз раиси ҷумҳур хоста буд, то банди марбут ба Интернетро аз Кодекси ҷиноӣ лағв кунад, ҷазо барои туҳмат ва таҳқир дар матолиби интернетиро нодуруст мешуморад: "Боъиси таассуф аст, ки Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз муроҷиати хабарнигорон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ин тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро тасвиб кард. Гумон мекунам, ки ин тасмим пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт. Худсонсурӣ миёни рӯзноманигорон ва раҳбарони сомонаҳои интернетӣ боло меравад. Бояд бигӯям, ҳар чизе, ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр мегардад, набояд ҳамчун туҳмату таҳқир нисбат ба ин ё он шахс дониста шавад. Баръакс, навиштаҳои ба қавле "таҳқиромез" нахуст бояд мавриди таҳқиқи дурусти коршиносони соҳа қарор бигиранд, то сиёҳро аз сафед ҷудо кунанд".

Нуриддин Қаршибоев ҳамзамон таъкид кард, ки онҳо дар садади пахши баёнияе нестанд, зеро баъид ба назар мерасад, ки ҳукумат ин дафъа низ муроҷиати онҳоро ба эътибор бигирад. Аммо оқои Қаршибоев гуфт, созмонашон тасмим дорад, ки бо ташкили давраҳои таълимӣ рӯзноманигоронро омӯзиш диҳад, то онҳо «туъма»-и туҳмату таҳқир дар матлабҳои интернетӣ нагарданд.

Аммо Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мегӯяд, идора ва контрол кардани сомонаҳои интернетӣ саҳл нест ва мақомоти Тоҷикистон ба ҳангоми иҷрои ин қонун бо мушкилиҳое мувоҷеҳ хоҳанд шуд: "Созмонҳои хабарнигорӣ бояд аз он садо баланд мекарданд, ки моддаи марбут ба таҳқиру туҳмат, ки як воситаи маҳдудкунии озодии баён аст, аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шавад. Ин созмонҳо дар ҳоле садо баланд карданд, ки барои туҳмату таҳқир дар матлаби интернетӣ ҳам ҷазо муқаррар гардид. Вале, фикр мекунам, амалишавии ин ислоҳ номумкин менамояд. Зеро он сомонаҳои интернетие, ки роҷеъ ба Тоҷикистон ва ҳукуматдорони он матолиби тезутунд ё таҳқиру туҳматдошта менаисанд, домени онҳо берун аз Тоҷикистон аст".

Бо ин ҳама Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар имзои тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ, ки туҳмату таҳқирро дар матолиби интернетӣ ҷиноят медонад, даъват ва муроҷиатномаҳои Ҷол Симон, мудири иҷроияи Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), раҳбарони созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ва Маркази журналистикаи экстремалии шаҳри Маскавро сарфи назар кард.

Ва ҳоло «гунаҳкор» шудан барои таҳқири ин ё он нафар, махсусан мансабдорони давлатӣ, тақрибан ба ҳамаи сомонаҳои интернетӣ таҳдид мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, мақомот метавонанд ҳаргуна танқид ба унвони онҳоро ҳамчун туҳмат ва дурӯғбофиву таҳқир дониста, хабарнигоронро ба додгоҳ кашанд.
XS
SM
MD
LG