Қаблан, бо хатои комиссари ин бозӣ ҳисоб 3 -2 ба нафъи Имороти Муттаҳидаи Араб дарҷ шуда буд. Аммо баъдан, ин иштибоҳ ислоҳ гардид ва дар сомонаи AFC натиҷаи аслии бозӣ, 3 -2 ба нафъи Тоҷикистон нашр шуд.
Тими футболи наврасони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони зери 16-сола дар Имороти Муттаҳидаи Араб иштирок дорад.
Қисми аввали бозии Иморот - Тоҷикистон бо ҳисоби 1-1 анҷом ёфтааст. Бино бар иттилоъи сомонаи Федератсияи футболи Иморот, ҳисобро бозигари тоҷик Алан Соев дар дақиқаи 36 боз кардааст. Танҳо як дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал ба арабҳо муяссар шудааст, то ҳисобро мусовӣ намоянд.
Дар қисми дуввум, футболбозони Тоҳир Мӯъминов (сармураббии тими наврасони Тоҷикистон) ба як тӯби дигари соҳибони майдон бо ду тӯб посух додаанд. Бозигарони тоҷик Расул Файзов (капитан) ва Павел Калугин барои Тоҷикистон пирӯзӣ оварданд.
Акнун, пирӯзӣ дар бозии охирин бо Бангладеш барои наврасони тоҷик роҳхат ба сабқати ниҳоиро меорад.
Ҷадвали бозиҳои наврасони Тоҷикистон:
17 октябр | Тоҷикистон | 1-1 | Туркманистон |
20 октябр | Фаластин | 0-4 | Тоҷикистон |
22 октябр | Тоҷикистон | 1-2 | Узбакистон |
25 октябр | Имороти Араб | 2-3 | Тоҷикистон |
28 октябр | Тоҷикистон | - | Бангладеш |
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Узбакистон бо ҳисоби 3-2 Бангладешро мағлуб кард ва ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат ба даст овард.
Бар иловаи Узбакистон, ин гуна роҳхатро Эрон, Австралия ва ду Корея ба даст овардаанд.