Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии Душанбе


Сӯхтор дар бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино то ба ҳол хомӯш карда нашудааст.

Амвоҷи дуди сиёҳ, ки аз маҳалли сӯхтор мехезад, аз ноҳияҳои дигари пойтахт намудор аст. Якчанд гурӯҳи оташнишон талош доранд сӯхторро хомӯш созанд. Дар атрофи бинои Донишгоҳ донишҷӯён ва мардум ҷамъ омадаанд.

Сабаби сӯхтор то ҳол дақиқ нагаштааст, аммо намояндаи Идораи сӯхторнишонии шаҳри Душанбе гуфт, ба эҳтимоли зиёд ҳалқазании кӯтоҳи нерӯи барқ дар хатҳои интиқоли барқи дохили бино манбаъи оташ шуда бошад. Ба нақл аз баъзе донишҷӯёни шоҳиди ҳодиса, сӯхтор аз толори китобхонаи донишгоҳ сар задааст.

Дар ҳоли ҳозир оташ ҳамаи се ошёнаи биноро фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, китобхонаи нодири донишгоҳ, ки дар он тамоми асарҳову дастхатҳои 60 соли фаъолияти яке аз куҳантарин донишгоҳҳои тиббии Осиёи Марказӣ ҷамъ шуда будааст, ба куллӣ нобуд гаштааст.

Шеваи фурӯнишонии сӯхтор аз тарафи гурӯҳи оташнишон қобили фаҳм набуд. Дар ҳоле ки чанд мошини сӯхторнишонӣ ва ду мошини об ба ҷои воқеа ҳозир шуда буданд, танҳо яке аз онҳо кор мекард, ҳарчанд шиддати оби он низ дар фурӯ нишондани оташ нокофӣ ба назар мерасид. Бо ин ҳама, вақте ки оташ дар чанд ҷои бино забона мезад, сӯхторнишонон танҳо як нуқтаи онро обпошӣ мекарданд.

Сӯхтани бахшҳои дигари бино ҳамоно идома дорад. Зоҳири ҳодиса ин аст, ки сӯхторнишонҳо таҷҳизот ва омодагии комил надоранд, то оташро дар ҳамаи нуқоти бино таҳти ҳамла қарор диҳанд. Манзара бештар ингуна буд, ки сӯхторнишонҳо гӯиё интизор мешуданд, то бино пурра бисӯзад.

Яке аз сабабҳои дер ба кор сар кардани дастаи сӯхторнишонӣ панҷарабандӣ будани ҳавлии донишгоҳ ва ба назди бинои оташгирифта дер роҳ ёфтани мошинҳои сӯхторнишонӣ низ буд.


XS
SM
MD
LG