Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин сӯхтори солҳои oхир (Видео ва аксҳо)


Сӯхторе, ки дирӯз дар Донишгоҳи миллии тиббии Тоҷикистон ба амал омад, то шаб тақрибан тамоми ин бинои сеошёнаро ба харобазор табдил дод.

Саҳми ин донишгоҳи куҳансолтарини Тоҷикистонро дар рушди илми тибби кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияву Афғонистон хеле зиёд аст.
Ҳарчанд, ки бинои таълимӣ ва тақрибан кулли синфхонаҳои ин даргоҳи илми кишвар акнун комилан корношоям шудааст, вале китобхонаи беҳамтои он, ки дорои асарҳои беназири аҳли илми тибби ватанӣ ва хориҷӣ будааст, ҳамроҳ бо бойгонии донишгоҳ аз нобудшавӣ наҷот дода шудааст.


Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии Душанбе


Ифтихоре, ки ба коми оташ рафт

Мутахассисину коршиносон мегӯянд, ки оташ дар маҷмӯъ бештар аз 9 000 метри мураббаъи бинои донишгоҳро маҳв кардааст. Хисороти моддии вориднамудаи сӯхтор феълан садҳо ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.


Аксҳо:

Донишгоҳи тиббӣ - дар оташ

Донишгоҳи тиббӣ: Пас аз сӯхтор



Видео:




Ба иттилоъи мақомоти марбута, сӯхтори мудҳиш ҳанӯз баъд аз соати 13-и дирӯз сар зада, бо вуҷуди талошҳои сӯхторнишонҳо ва захираҳои одамиву фаннии сафарбаршуда аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва пойгоҳи 201-уми низомии дар Тоҷикистон мустақарри Русия то як поси шаб идома кард.
Оташсӯзие, ки назири онро дар пойтахти Тоҷикистон касе дар ёд надорад, қурбониҳои ҷониву маҷрӯҳонро дар пай надоштааст.


Назари хонандагони сомонаи Озодӣ
Бар тибқи таъйиди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як кумисюни махсус сабаби сӯхторро муайян карда истодааст. Гуфта мешавад, ки яке аз фарзияҳои эҳтимолии сӯхтор ҳамоно гаронбории ҳаҷми нерӯи барқ бар ноқилҳо будааст.
XS
SM
MD
LG