Алманбет Абдураҳмонов, корманди дафтари матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон, рӯзи 2 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ифтитоҳ шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди “қаллоби”-ро таъйид кард ва гуфт, ки тафтиши қазия бар дӯши Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили вазорати умури дохилии Қирғизистон вогузор шудааст. Гуфта мешавад, гап сари ба маблағи 348 000 доллар фиреб додани 200 шаҳрванди Тоҷикистон меравад, ки мехостанд аз тариқи як ширкати қирғизӣ ба тавофи Каъба муваффақ шаванд.
Аз ин пеш додситони вилояти Ӯш Ойбек Турғонбоев ба рӯзномаи “Вечерний Бишкек” гуфт, ки онҳо ду мавриди қаллобии марбут ба солҳои 2008 ва 2010-ро тафтиш мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, “зиён дар соли 2008 тақрибан 90 000 долларро ташкил медиҳад, феълан раванди муайян кардани маблағи зиён дар соли 2010 идома дорад”.
Умарҷон, як сокини Истаравшан ва яке аз афроди фиребхӯрда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба Қирғизистон ба хотири дарёфти раводиди Арабистони саудӣ рафтанд. Аммо баъд аз гирифтани раводид рӯшан шуд, ки онҳо қалбакиянд.
Шарофиддин, раиси ширкати қирғизии “Ҳоҷӣ-бошӣ”, ба онҳо пешниҳод кард, ки барои дарёфти раводиди “асил” ҳамроҳашон ба Туркия раванд. Умарҷон меафзояд, ки онҳо 108 нафар ба Истамбул парвоз карданд ва он ҷо 1150-долларӣ супурданд. Аммо вақте ки гурӯҳ мехост ба Уммон, пойтахти Урдун парвоз кунад, марзбонҳои турк садди роҳашон шуданд, зеро маълум гардид, ки 8 раводиди аъзои гурӯҳ тақаллубӣ аст.
“Марзбонҳо моро дар хонае нигаҳ доштанд ва баъдан гуфтанд, ки ҷавоб медиҳанд, аммо бояд ба Тоҷикистон баргардем,” - мегӯяд Умарҷон. Ба гуфтаи ӯ, масъулини ширкати қирғизӣ онҳоро дар нимароҳ гузошта, фирор карданд.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ки тайи се сол талоши аз роҳи гуфтугӯ баргардонидани маблағи худро карданд, аммо муваффақ нашуданд, зеро худи Шарофиддин аз онҳо фирор мекард, ду нафар аз ҳамроҳи ӯ бошад, пайваста таҳдид мекарданд, ки Шарофиддин дар ҳукумат пушту паноҳи қавӣ дорад ва агар онҳоро дар Ӯш бинад, ҳатман зиндонияшон хоҳад кард. Умарҷон мегӯяд, ки онҳо охири моҳи март тасмим гирифтанд ба раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва сафорати Тоҷикистон дар Бишкек нома нависанд ва ба додситонии вилояти Ӯш муроҷиат кунанд.
Умарҷон мегӯяд, ки айни ҳол тафтишот ва бозпурсии аъзои ширкати “Ҳоҷӣ-бошӣ” идома дорад, аммо онҳо ҳанӯз гуноҳро ба гардан нагирифтаанд. Ӯ меафзояд, “Шарофиддин ҳатто дар ҳузури муфаттишон ба мо таҳдид мекунад ва гоҳ мегӯяд, ки несту нобудамон мекунад, гоҳ мегӯяд, ки аз Қирғизистон берунамон хоҳад кард.” Ба гуфтаи Умарҷон, онҳо то ҳол ба номаашон аз сафорати Тоҷикистон посух нагирифтаанд ва умедворанд, ки дипломатҳои тоҷик ба ин мавзӯъ расидагӣ хоҳанд кард.
Тӯлонӣ будани навбати сафари Ҳаҷ ва нархи гарони чунин сафар дар Тоҷикистон боис мешавад, ки талабгорони зиёрати Хонаи Худо тавассути дигар кишварҳо азми сафари Маккаву Мадина кунанд. Нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 3700 доллар буд ва ин дар ҳолест ки чунин сафар аз Қирғизистон барои зоирон бо қимати ҳамагӣ 2300 доллар тамом мешуд.
Тоҷиддин Асомидинов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам мегӯяд, аксар вақт афроде, ки аз дигар роҳҳо ба Ҳаҷ рафтанӣ мешаванд, ба банди гурӯҳҳои қаллоб меафтанд. Ба гуфтаи ӯ, албатта, роҳи ҳалли ин мушкил – дарёфти квотаҳои бештар барои довталабони сафари Ҳаҷ аст. Соли гузашта беш аз 6 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба тавофи Қаъба шарафёб шуданд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мехостанд, ки теъдоди зойирон то 8 ҳазор нафар афзоиш дода шавад, вале тавре Тоҷиддин Асомиддинов мегӯяд, ки Ар-Риёз ин дархостро ба далели идомаи таъмиру бозсозӣ дар Маккаву Мадина напазируфт.