Президенти Тоҷикистон аз тарзи татбиқи қонуни танзими анъанаҳо изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки ин қонун тавонист дар амри аз байн бурдани ихтилофҳои байни маҳалҳои мухталифи кишвар ва ҳам коҳиши мизони камбизоатӣ мусоидат кунад. Қонуни танзим яке аз пурбаҳстарин қонунҳои 10 соли охири кишвар будааст.
Бархӯрди мардум ба ин қонун якранг нест. Бисёр оилаҳои камбизоат, ки дар харҷу сарф бо ҳамсояҳои дорои худ вориди сабқат мешуданд,
Масъулини танзим ба бародари ман гуфтаанд, ки шумо имзо кунед, мо шуморо огоҳӣ мекунем, тамом. Вале баъдан инро протокол карда, ба додситонӣ ва додгоҳ пешниҳод карданд ва бародари маро ҷарима карданд. Раҷаб Бобокалонов
эҳсоси сабукӣ карданд. Аммо бархе шаҳрвандон аз ин норозигӣ мекунанд, ки қонуни танзим танҳо барои мардуми оддӣ эҷод шуд ва худи мақомот онро риоя накарданд. Аз сӯи дигар, ин қонун низ натавонист аз фасод канор бимонад ва заминаҳоеро барои ришваситонӣ аз соҳиибони маъракаҳо ба миён овард.
“Барои супоридани ҷарима охирин чорвои хонаро фурухтем”
Раҷаб Бобокалонов, сокини ноҳияи Мастчоҳ яке аз нафароне мебошад, ки мегӯяд, оилаи онҳо қурбони нофаҳмиҳои кормандони танзими ҷамоат шуданд ва бо гузашти се сол то ҳол ҳақ будани худро исбот карда наметавонанд.
4,5 ҳазор ҷаримаи "оши гаштак"
Бародари ин сокини ноҳияи Мастчоҳро мақомоти танзим ба хотири аз меъёр берун даъват кардани духтарон дар маросими арӯсии духтараш 4,5 ҳазор сомонӣ ҷарима (500 доллар) бастанд. Аммо Раҷаб Бобокалонов мегӯяд, ба тасмими масъулини танзими ноҳия розӣ набуданд ва то зинаҳои болоии додгоҳӣ ва Додситонии кулл муроҷиат карданд, вале дар ҳамаи ин сохторҳо қарори кормандони бахши танзими ноҳияро дуруст шуморидаанд.
Раҷаб Бобокалонов мегӯяд, “асли қазия ин ки маъракаи “духтархона” дар қонун набудаст ва мақомоти танзим онро бо номи “оши гаштак”гуфта моро муттаҳам карданд. Мувофиқи қонун 14 нафар иштирок мекардааст, вале дар ин маросим гӯё 28 нафар иштирок кардаанд. Аммо мо ба ин розӣ нашудем, чун мо қурбони фиреби масъулини танзим шудем. Масъулини танзим ба бародари ман гуфтаанд, ки шумо имзо кунед, мо шуморо огоҳӣ мекунем, тамом. Вале баъдан инро протокол карда, ба додситонӣ ва додгоҳ пешниҳод карданд ва бародари маро ҷарима карданд.”
Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, пардохти маблағи ҷарима барои онҳо, ки оилаи камбизоат доранд, хеле гарон афтод ва маҷбур шуданд охирин чорвои хонаро фурӯхта баъди таъхир 4,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаро супоранд.
Раҷаб Бобокалонов танҳо нест ва дар қатори ӯ зиёданд нафароне, ки мегӯянд, қарори масъулини бахши танзимро дар ҳамаи мақомот дуруст ҳисоб мекунанд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, вақте масъулини танзим протокол тартиб диҳад, маҷбур ҳастед ҷаримаро супоред, чун исботи камбудии бахши танзим тақрибан ғайриимкон аст.
“Дастархони занон ҳангоми меҳмонӣ ба танзим оварда шавад”
Дар мулоқоти президент ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба 10-солагии қабули Қонуни танзим бахшида шуд, пешниҳодҳое назири боз ҳам маҳдудтар кардани маросимҳои мардумии сокинон садо дод. Аз ҷумла, дар доираи оила барпо кардани хатнасур ва дар муассисаҳои тиббӣ анҷом додани хатна аз намунаи чунин пешниҳодҳо будааст.
Руқияи Давроншо, сармуҳаррири рӯзномаи “Оинаи зиндагӣ”, ки дар вохурии президент иштирок дошт мегӯяд, ҳатто танзими «дастархони занон ҳангоми меҳмониҳо» ҳам дар ин мулоқот садо дод. Вай гуфт:
“Пешниҳод шуд, ки занон вақте бо лаълию дастархон ба меҳмониҳо мераванд, бениҳоят харҷҳои зиёдеро масраф мекунанд ва чунин пешниҳод гардид, ки ба ин нукта гузошта шавад.
Боз он масрафиёти зиёде, ки аз ҷониби арӯсу домод ҳангоми даъват кардани ҳофизон харҷ карда мешавад. Пешниҳод шуд, ки ин ин чиз низ ба танзим дароварда шавад. Аммо президент пешниҳоди яке аз иштирокчиён дар бораи манъ кардани додани туҳфа ба падару модари арусу домодро рад карданд”.
Дар вохӯрии президент ҳамчунин манъи маъракаи ақиқа ва ворид кардани он ба қонун садо додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои масъули дахлдор супориш дод, ки пешниҳоди мардумро ба инобат гирифта ба ҳукумат дар амри такмили қонун ироа кунанд. Аз мақомоти маҳаллии иҷроия тақозо шудааст, ки татбиқи ҳатмии қонунро шадидан назорат кунанд.
“Чорабиниҳо давлатӣ низ ба танзим дароварда шаванд”
Коршиносон мегӯянд, ҳама гуна тағйирот дар заминаи маъракаву маросим, ки давоми даҳсолаҳо одат шуда як бахше аз зиндании оддии мардум шудааст, на бо санадҳои ҳуқуқӣ, балки бо тағйири тафаккури мардум амалӣ карда шавад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, талоши танзими ҷузъитарин масъалаҳо тариқи қонун аз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар дарак медиҳад.
Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, “ба ҷои онки мо тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин корро амалӣ кунем, кушиш мекунем ҷузъитарин масъалаҳоро тариқи санадҳои ҳуқуқӣ танзим кунем ва ин хуб нест. Бо ин кор мо ба мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ имконият медиҳем то ба зиндагии шахсии шаҳрвандон дахолат кунанд ва дар натиҷа муносибатҳои корупсионӣ ва дигар падидаю зуҳуроти манфӣ пайдо мешавад.”
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар баробари талқини камхарҷ кардани маросимҳо ба аҳолӣ беҳтар аст мақомоти давлатӣ идҳои расмиро, ки аз ҳисоби буҷет баргузор мешаванд, камхарҷтар кунанд. Дар он сурат ба гуфтаи коршиносон таъкидҳои мақомот барои камхарҷтар кардани маросимҳо барои шаҳрвандон таъсирноктар хоҳад шуд.