Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 204 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбати 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст.
Дар маркази матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин омор 6 июл дар ҷаласаи машваратии байниидоравӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулони ВКД ва раёсати Бозраси давлатии автомобилӣ, эълон шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷишҳои додситонӣ барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо 163 пешниҳод ва 60 амр ирсол шуда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 12 эътироз оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”10 соли пеш тасвиб шуда, ҳадафи он кам кардани хароҷоти тӯю сур ва маросими азодорӣ барои мардум унвон шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи иҷрои муқаррароти ин қонун дар тӯли даҳ сол 18 миллирд сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллон чорворо аз забҳ шуданро раҳонидааст.